Генерал Назарзода дастурҳои раисҷумҳурро бо душанбегиҳо баррасӣ кард

© Пресс служба президента РТГенерал-майор милиции Шариф Назарзода
Генерал-майор милиции Шариф Назарзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гуфта мешавад, мақсад аз баргузории мулоқот таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон буда, ҳамчунин масъалаи баланд бардоштани одоби шаҳрнишинӣ бо намояндагони пойтахт баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Имрӯз, 10 апрел дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси шаҳрдорӣ ва дар ҳамкорӣ бо Раёсати ВУД дар пойтахт мулоқоти намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтхат бо фаъолон доир гардид. Дар ин бора дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, мақсад аз баргузории мулоқот иҷрои дастурҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

"Мақсад аз ин чорабинӣ ҳамчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, одоби шаҳрнишинӣ ва пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкунӣ мебошад",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Раиси шаҳри Душанбе- Рустами Эмомалӣ - Sputnik Тоҷикистон
Р. Эмомалӣ мехоҳад маданияти шаҳрнишинии душанбегиҳоро баланд бардорад

Дар мулоқот кормандони масъули сохторҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва Ҳукумати пойтахт, намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла занон, ҷавонон, ходимони дин, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, роҳбарони бозорҳо ва марказҳои савдо, фаъолон, намояндагони мақомоти марбутаи корҳои дохилӣ, прокуратура, суд, амният ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот иштирок доштанд.

"Дар назди ҳозирин муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе генерал — майори милитсия Назарзода Шариф суханронӣ намуданд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Тавре дафтари матбуотӣ меафзояд, генерал Назарзода дар баромади худ аз қонунгузориҳои кишвар аз ҷумла масъулияти волидайн, танзими ҷашну анъана, дар бораи одоби шаҳрнишинӣ, пешгириии фарҳанги бегонапарастӣ, нашъамандӣ, терроризму ифротгароӣ миёни сокинони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт, муноқишаҳои гурӯҳӣ миёни наврасону ҷавонон, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ғайраҳо гуфт.

Зимни мулоқот баромадкунандагон оид ба дастоварду комёбиҳои сокинони пойтахт дар самтҳои мухталиф дар солҳои охир сухан карда, бо мақсади пешрафти босуръату босифатонаи пойтахт-шаҳри Душанбе ҳозиринро ба фаъолияти дастаҷамъонаю аҳлона даъват намуданд.

Лентаи хабарҳо
0