ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik.Рустами Эмомалӣ – раиси шаҳри Душанбе қарор кардааст, ки барои таблиғи маданияти шаҳрнишинӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон гурӯҳи муштараки таблиғотӣ таъсиси диҳад.
Ҳамин тавр, мувофиқи қарори мири пойтахт, гурӯҳи муштарак дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрди Душанбе ташкил карда мешавад.
Иҷрои қонуни мазкур ба зиммаи муовини расии шаҳри Душанбе Муинӣ гузошта шудааст, ки гурӯҳ бояд ҳаро се моҳ аз натиҷаи фаъолияти худ ба Рустами Эмомалӣ гузориш диҳад.
Ёдовар мешавем, ки ба наздикӣ раисҷумҳури кишвар бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Душанбе мулоқот орост.
Президенти ҷумҳурӣ мақсади маҷлиси мазкурро баррассии вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва мушкилоти мавҷудбудаи пойтахт номид.
Дар рафти суханронии хеш Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирон аз вазъи имрӯзаи пойтахт, таърихи Душанбе дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва дурнамои рушди саноати Душанбешаҳр гузориш дод. Дар фарҷом президент аз сокинони пойтахт хоҳиш намуд, ки ҳар рӯзро барои тозаву озода кардани манзилу кошонаи худ, кӯчаву маҳаллаҳои зист, ободу зебо ва озода гардонидани кишвари ва тарбияи фарзандон самаранок истифода баранд.