ДУШАНБЕ, 9 апр- Sputnik. Муовинони вазирони нақлиёти Русия ва Тоҷикистон Александр Юрчик ва Ганҷалзод Раҳмон дар робита ба манъ кардани парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкатҳое, ки дар фасли зимистон парвоз ба анҷом намерасонанд, ҳамоҳангӣ карданд, менависад рӯзномаи "Ведомости" бо истинод ба протоколи вохӯрӣ.
Санад, ки асолати онро ба рӯзнома ду ширкаткунанда ва як менеҷери ҳавопаймоӣ таъйид карданду, онро аз мансабдорони фаҳмидаанд, 5 апрел дар Маскав ба имзо расида, ба ҳавопаймоиҳо фиристода шудааст. Қайд мегардад, ки санади мазкур барои нашр неаст.
Мавсими зимистонаи 2017-2018 рӯзи 25 март ба охир расид. Парвозҳоро дар хатсайри Русияву Тоҷикистон дар мавсими нав танҳо ширкати ҳавопаймоии Русия "Икар" (бренди Pegas Fly), ки ба ширкати бузурги туристии туркӣ Pegas Touristic ҳамроҳ аст, шурӯъ кард.
Ҳавопаймоӣ парвозҳояшро аз фурудгоҳи "Жуковский" 2-юми апрели соли ҷорӣ шурӯъ карда, ба шаҳри Қурғонтеппа 4 маротиба дар як ҳафта, ва сар аз 4-уми апрел ба шаҳри Хуҷанд 3 маротиба дар як ҳафта, анҷом медиҳадю. Ҳамчунин ба нақша гирифта шудааст, ки ҳавопаймоӣ аз мобайнҳои моҳи апрел 3 маротиба дар як ҳафта ба Душанбе низ парвоз кунад.
Намояндаи ширкати Pegas Fly ба рӯзнома таъйид намуд, ки санадро гирифтаанд. Вале дар айни замон, менеҷери ҳавопаймоӣ тасдиқ кард, ки парвозҳои Pegas Fly-ро қатъ нахоҳанд кард, чун барои ин асосҳои ҳуқуқӣ вуҷуд надорад. Мусоҳиби нашриёт инро "тасмими бесобиқа дар бозор" номид.
"Мо умедворем, ки ин сӯитафоҳум аст ва он роҳи ҳалли худро меёбад", — изофа намуд вай. Ба парвозҳои хатсайри Тоҷикистон то интиҳои мавсими парвоз тақрибан 5-6 ҳазор чипта фурӯхта шудааст.
Вале рӯшан нест, ки механизми қатъ кардани парвозҳо чӣ гунаанд, гуфт ба рӯзноманигор коркуни ҳавопаймоии дигари Русия. Таъйиноти байналмилалӣ лағв мешаванд, агар ҳавопаймоӣ худаш парвозҳоро рад кунад, ё агар ду мавсим парвозҳоро ба анҷом нарасонад, пас аз иҷозатнома маҳрум мешавад. Рост аст, ки ҳукумати Тоҷикистон низ метавонад парвозҳоро қатъ кунонад, бидуни додани иҷозатнома, ки қабл аз ҳар як парвоз дархост мешавад.
Дар протоколи музокирот оварда шудааст, ки ниҳодҳои ҳавопаймоии ду кишвар механизмҳои таъсирарсонӣ ба вайронкунандагони ин созишномаро, муҳокима хоҳанд кард.