Мушкил нест: "ЮТэйр" аз Маскав ба Душанбе "баланд" парвоз мекунад

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкСамолёт авиакомпании "ЮТэйр". Архивное фото
Самолёт авиакомпании ЮТэйр. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои ширкати ҳавопаймоии "ЮТэйр" танҳо парвоз дар масири "Сургут-Хуҷанд" мамнӯъ аст, хабар дод раҳбари ин ширкат Павел Прмяков

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. "ЮТэйр" чун ҳамешагӣ дар масири Маскав-Душанбе парвозро идома хоҳад дод, хабар дод президенти ширкат Павел Прмяков.

Пештар хабар дод ашуд, ки ҳукумати Тоҷикистон парвози чанде аз ширкатҳои ҳавопаймоии русиро ба Тоҷикистон қатъ карданд. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳам парвози панҷ ширкати русӣ: "Уралские авиалинии", UTair, "Сибир", "Северный ветер" ва "Глобус"-ро аз таърихи 2 апрел ба шаҳри Душанбе ва Хуҷанд қатъ кард.

"Танҳо як парвози "ЮТэйр" қатъ шудааст: дар хатсайри "Сургут-Хуҷанд". Ширкат рӯзи 2 апрел ҳаққи мусофиронро дар ин масир боз мегардонад. Ширкати мо парвоз аз Маскав ба душанберо ду маротиба дар як рӯз анҷом медиҳад", — гуфт Пермяков дар суҳбат бо РИА Новости.

Ихтилофоти ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия миёнаҳои моҳи март оғоз шуд. Ҷониби Тоҷикистон барои парвози ширкати русии "Уралские авиалинии" аз чанд шаҳри Русия ба Тоҷикистон изҷоза надода Русияро ба нақзи созишномаи имзошуда айбдор карда буд.

Вазорати нақлиёти Русия дар навбати худ, чораҳои ҷавобӣ андешида аз 1 апрел парвозҳои ширкати "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр"-ро ба 10 шаҳри кишвараш қатъ кард. Барқияи қатъи парвозҳо рӯзи шанбе ба дасти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон расида буд.

Пештар хабар дода шуд, ки ҳайати расмии Тоҷикистон рӯзи сешанбе барои ҳалли мушкилоти ҳавоӣ ба Маскав меравад.

Лентаи хабарҳо
0