Пас аз шаш сол: Узбакистон интиқоли газро ба Тоҷикистон барқарор кард

© Sputnik / Георгий ГранинЛӯлаи газ.
Лӯлаи газ. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барқарор намудани интиқоли газ ба Тоҷикистон имкони пурра таъмин намудани ноҳияи Турсунзода бо сӯзишвории кабудро дода, дар ояндаи наздик фарогири ҳудудҳои дигари марзии Тоҷикистон хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Узбакистон интиқоли газро ба Тоҷикистон барқарор кард. Дар марҳалаи аввал бо сӯзишворӣ ноҳияҳои марзии Тоҷикистон таъмин мешаванд. Ин хабар тавассути шабакаи "Узбакистон 24" дода шудааст.

Интиқол дар натиқаи созишномаҳои баимзорасидаи байни сарони ду давлат оғоз ёфтааст. Корҳои марбута ба барқароршавӣ дар кӯтоҳтарин муддатҳо ба анҷом расидаанд.

Узбакистон интиқоли газро ба Тоҷикистон соли 2012 қатъ карда буд.

Тибқи иттилои шабака, гази интиқолшуда ба Тоҷикистон имкони пурра таъмин намудани ноҳияи Турсунзодаи кишвари ҳамсояро бо сӯзишвории кабуд дода, дар ояндаи наздик фарогири дигар ҳудудҳои марзии Тоҷикистон хоҳад шуд.

Линии электропередач, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон аз баҳор ба Узбакистон барқ содир хоҳад кард

Интиқоли газ бар рӯи ду риштаи хаттлӯлаи гази «Музробод-Душанбе» бо иқтидори 125 ҳазор метри мукааб дар як соат, сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон 2 апрел содироти нерӯи барқро аз зеристгоҳи "Регар" (Тоҷикистон) ба Узбакистон, пас аз 9 сол, оғоз кард.

Раванди мазкурро дар соати 17:05 дақиқа ба вақти Душанбе бар рӯи хати 220 кВ роҳандозӣ карданд.

Гузориш дода шуд, ки дар марҳалаи аввал, ҳаҷми шабонарӯзии содирот 672 ҳазор кВт/с-ро ташкил медиҳад. Сонитар ҳаҷми содирот афзоиш хоҳад ёфт.

Дар назар дошта шудааст, ки соли ҷорӣ Тоҷикистон ба Узбакистон то 1,5 млрд. кВт/с нерӯи барқ содир мекунад. Нархи ҳар киловати нерӯи барқи тоҷик 2 сентро ташкил хоҳад дод. Тоҷикистон тахлияи обро аз ҳисоби содироти нерӯи барқ коҳиш медиҳад.

Ҳамчунин дар ҳоли ҳозир хати дуюми интиқоли нерӯи барқ бо иқтидори 220 кВ барои баланд бардоштани ҳаҷми таъмини барқ аз Тоҷикистон ба Узбакистон омода мешавад.

Лентаи хабарҳо
0