Тоҷикистон аз баҳор ба Узбакистон барқ содир хоҳад кард

© Sputnik / Сергей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкЛинии электропередач, архивное фото
Линии электропередач, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тасмими ниҳоӣ барои барқрасонӣ аз Тоҷикистон ба Узбакистон дар раванди сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Душанбе гирифта хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Тоҷикистон омода аст аз моҳи март содироти нерӯи барқ ба Узбакистонро оғоз кунад, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

“Тоҷикистон омода аст аз моҳи март солиёна 1,5 милёрд киловатт соат барқ ба Узбакистон содир кунад”, — хабар медиҳад ТоҷикТА бо истинод ба манбаъе дар ҳукумати Тоҷикистон.

Рустанбек Раимкулов - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: Сохти хатти барқи CASA-1000 аз Ботканд ба Суғд бо душвориҳо рӯбарӯ мешавад

Ин манбаъ гуфта, ки ҳамакнун музокирот миёни Душанбеву Тошканд дар бораи мароҳили содироти барқ ва мизону арзиши он идома дорад.

Тасмими ниҳоӣ барои барқрасонӣ аз Тоҷикистон ба Узбакистон дар раванди сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Душанбе гирифта хоҳад шуд.

Пеш аз ин вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода гуфта буд, ки Тоҷикистон омода аст содироти барқ ба Узбакистонро оғоз кунад.

Душанбе ва Тошканд тасмим гирифтанд хаттҳои интиқоли барқро, ки шабакаҳои барқи ду кишварро дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон пайванд мекарданд, дубора бозсозӣ кунанд.

Бино ба омори расмӣ, Тоҷикистон метавонад тобистонҳо то 5 милёрд киловатт барқро ба кишварҳои ҳамсоя содир кунад.

Узбакистон дар соли 2009 якҷониба аз шабакаҳои муштараки барқи кишварҳои Осиёи Марказӣ хориҷ шуда буд. Дар паи ин иқдом иртиботи барқии Тоҷикистон бо дигар кишварҳои минтақа канда шуд ва ин кишвар бо камбуди шадиди барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон дучор шуд.

Лентаи хабарҳо
0