Дар Тоҷикистон дастурамали либоси мардона нашр хоҳад шуд

© Фото : Пресс-служба ЦВОГалстук с флагом Таджикистана
Галстук с флагом Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Замони нашри дастурамале, ки дар он намунаи пӯшоки мардон дар кору рӯзҳои таътил, ид ва тӯйҳо нашр мешавад, ҳанӯз маълум нест

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ният дорад намунаҳои либоси мардонаро барои тамоми ҳолатҳои зиндагӣ омода намояд, хабар медиҳад оҷонсии ТаджикТА. Ҳамчунин ин ниҳод дар паи нашри дастуре аст, ки дар он намунаи пӯшоки мардони тоҷик дар кор, хона, рӯзҳои таътил, ид ва тӯй нишон дода мешавад.

"Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ният дорад то дастури тавсиявиеро дар робита ба пӯшидани либосҳои мардона дар ҳар гуна ҳолат, ба нашр расонад", — гуфта мешавад дар иттилоъ.

Книжная ярмарка - Sputnik Тоҷикистон
На ҳиҷобу на домани кӯтоҳ: дастур барои донишомӯзон дар Тоҷикистон

Роҷеъ ба мӯҳлати чопи дастурамали либоси мардона дар Тоҷикистон ҳанӯз гузориш дода нашудааст.

Хотиррасон менамоем, ки қаблан дар Тоҷикистон китобе роҷеъ ба либосҳои тавсияшуда барои занон нашр шуда буд. Дар дарсурамал аксҳои либосҳои занона пешниҳод шудааст, ки мувофиқи андешаи муаллифон, хонумҳо метавонанд аз онҳо дар рӯзҳои корӣ ва ид истифода баранд.

Инчунин, дар дастурамал бахше бо аксҳои либосҳо омадааст, ки пӯшидани онҳо дар Тоҷикистон, қобили қабул нест.

"Тавсия дода намешавад, ки рӯймол ва ҳиҷоби ранги сиёҳ, либосҳои аз ҳад кушоди аврупоӣ — мини-юбка, деколте, аз матои шаффоф ва ғайра — дарбар карда шавад. Ҳамчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо галӯш, дампоя ё бо либосҳои хонагӣ, шимҳои танг, ки қисмҳои муайяни баданро ба намоиш мегузоранд, бо либосҳои аз бофтаҳои сунъӣ, ки барои саломатӣ зарарноканд, гаштан мумкин нест", — навишта шудааст дар китоби мазкур.

Лентаи хабарҳо
0