Путин ва Эрдуғон ба сохтмони НБА "Аккую"-и Туркия оғоз бахшиданд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкВизит президента РФ В. Путина в Турцию
Визит президента РФ В. Путина в Турцию - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва сарвари Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба сохтмони НБА "Аккую" оғоз бахшиданд

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ваъда дод, ки тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад то ҳамроҳ бо ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар соли 2023, замони  роҳандозии нахустин блоки НБА "Аккую"-и Туркия, ширкат варзад, гузориш дод РИА Новости.

"Мо тамоми корҳои аз дастамон омадаро анҷом медиҳем то ҳамроҳ дар соли 2023, замони оғози кори нерӯгоҳи барқии атомии нав, ширкат кунем. Бар он боварам, ки сокинони ин минтақаи Туркия бо чашмони худ хоҳанд дид, ки фанноварӣ ва ҷойҳои кории нави муосир чист ва тамоми кишвари Туркия натоиҷи он корҳоеро, ки дар ин нерӯгоҳи дорои фанновариҳои боло ба анҷом мерасад, мебинанду қаноатманд мегарданд", — иброз дошт Путин дар маросими оғози расмии роҳандозии сохтмони Нерӯгоҳи барқи атомии "Аккую" дар Туркия.

Визит президента РФ В. Путина в Турцию - Sputnik Тоҷикистон
Дидори Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар Анқара

Раисҷумҳури Туркия Реҷеб Тайиб Эрдуғон дар навбати худ эълом дошт, ки оғози сохтмони НБА "Аккую" як лаҳзаи таърихии ҳамкориҳои байни Туркия ва Русия дар соҳаи барқ мебошад.

"Мо шоҳиди лаҳзаи таърихӣ, ҳам аз нуқтаи назари тараққиёти кишвар ва ҳам аз нуқтаи назари ҳакмкорҳоямон бо Русия дар соҳаи иқтисод, хоҳем шуд", — таъкид кард сарвари Туркия.

Вай афзуд, ки НБА "Аккую", ки Росатом дар Туркия месозад, 10%-и ниёзҳои барқи кишварро пӯшонда, амнияти барқии онро комилан таъмин хоҳад кард.

Дар суханронии худ Эрдуғон инчунин зикр намуд, ки Туркия ният дорад бо Русия дар масоили минтақавӣ, ҳамкорӣ кунад.

Хотиррасон мекунем, ки дар Анқара гуфтушунидҳои раисҷумҳурони Русия ва Туркия —  Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, дар ҳайати вижа мегузарад.

То ин вақт дар майдони назди Қасри раисҷумҳури Туркия маросими тантанавии вохӯрии Путин ва Эрдуғон баргузор шуд. Қаровули фахрӣ дастаи аскарон саф ороста, сурудҳои миллии ду кишвар садо доданду, раисҷумҳурон ҳайатҳои худро муаррифӣ намуданд.

Лоиҳаи НБА "Аккую" дорои чор блоки барқӣ бо дастгоҳҳои барқии русиягии ВВЭР-1200-и насли "3+" мебошад, ки бо стандартҳои бехатарии олитарини пост-фукусимскӣ мувофиқ кунонида шуда аст. Иқтидори ҳар як блоки барқии НБА 1200 МВт мебошад. Тарҳ тақрибан 20 миллиард доллар арзиш дорад.

Қаблан саркоркуни илмии ИМЭМО РАН, директори Институти тадқиқотии илмӣ ва иҷтимоии минтақаи баҳрҳои Сиёҳ ва Хазар Виктор Надеин-Раевский, ба радио Sputnik эълон карда буд, ки умед аст то дар ҷараёни ин мулоқот роҳбарони кишварҳо самти деэскалатсияро дар Сурия пеш мегиранд, ки он ба хотима додани ҷанг дар ин минтақа равона шудааст. Вай афзуд Русия алоқаманд аст, ки Туркия иҷрои ӯҳдадориҳои худро идома диҳад.

Лентаи хабарҳо
0