Вазорати нақлиёти Русия: таъйиди сафари ҳайати Тоҷикистонро нагирифтаем

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкЗдание министерства транспорта РФ, архивное фото
Здание министерства транспорта РФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пештар иттилоъ дода шуд, ки ҳайати расмии Тоҷикистон рӯзи сешанбе барои ҳалли мушкилоти ҳавоӣ, ба Русия меравад

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Вазорати нақлиёти Русия таъйиди сафари расмии ҳайати Тоҷикистонро нагирифтааст, иттилоъ дод намояндаи вазорат ба РИА Новости.

Ҳайати расмии Тоҷикистон рӯзи сешанбе ният дорад барои ҳалли мушкилоти ширкатҳои ҳавоӣ ба Русия равад.

"Мо иттилоъоти матбуотиро роҷеъ ба омодабошии ҷониби Тоҷикистон дар робита ба баргузории музокирот дидем. Вале таъйиди расмии Вазорати нақлиёти Русияро ҳанӯз ба даст наовардаем", — хабар доданд дар ниҳоди русиягӣ.

Самолёт авиакомпании ЮТэйр. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мушкил нест: "ЮТэйр" аз Маскав ба Душанбе "баланд" парвоз мекунад

Мушкилоти байни мақомоти ҳавопаймоии ду кишвар дар миёнаҳои моҳи марти соли ҷорӣ оғоз ёфт. Ҷониби Тоҷикистон ба ширкати "Уралские авиалинии" паровозҳоро аз якчанд шаҳри Русия ба Тоҷикистон иҷозат надоду, тарафи русиягиро дар кӯшишҳои вайрон кардани баробарии парвозҳо, айбдор кард.

Пештар раёсати ширкати ҳавопаймоии "ЮТэйр — Пассажирские авиалинии" гузориш дода буд, ки интиқолдиҳандаи ҳавоӣ парвзҳои худро аз Маскав ба Душанбе идома хоҳад дод.

"Ширкати "ЮTэйр" танҳо як лағв дорад: парвози самти "Сургут — Хуҷанд". Ҳавопаймоӣ ба баргардонидани пулҳои чиптаҳои фурӯхташуда аз 2-юми апрел шурӯъ мекунад. Ширкати ҳавопаймоӣ хатсайрҳои худро ба самти Маскав — Душанбе ду маротиба дар як шабонарӯзӣ нигоҳ доштааст", — иброз дошт президенти ширкат Павел Пермяков.

Ҳамчунин намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ "Икар" (iFly) эълом дошт, ки рӯзи сешанбе парвозҳои худро аз фурудгоҳи Жуковскийи вилояти Маскав ба Хуҷанд, сарфи назар аз мушкилоти интиқоли ҳавоӣ байни Русия ва Тоҷикистон, оғоз мекунад.

"Дирӯз ширкати мазкур парвозҳои худро аз Жуковский ба Қӯрғонтеппа оғоз карду, фардо ба Хуҷанд хоҳад парид", — гуфтанд аз ширкат.

Лентаи хабарҳо
0