ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Дар шаҳри Риёз бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Сауъдӣ ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматии ду кишвар доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ ба кори худ оғоз кардааст.
Гуфта мешавад, ки зимни баррасии масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ҷонибҳо таъкид доштаанд, ки имконоти фарохи мавҷуда бояд мавриди истифода қарор дода шаванд.
Аз ҷумла, пешниҳод шудааст, ки Хазинаи муштараки сармоягузории мустақим ва Шӯрои соҳибкории ду кишвар таъсис дода шавад.
Дар ҳошияи ҷаласаи мазкур ҳамчунин ҳамраиси комиссияи муштарак аз ҷониби Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода бо мудири иҷроияи Сандуқи Саудии рушд Юсуф Албассом ва муовини раиси Кумитаи сармоягузории Арабистони Саудӣ Айид Ал-Усайбӣ дидору мулоқот кардааст.
Имрӯз кори ҷаласаи дуюми комиссияи муштарак идома ёфта, аз рӯйи натиҷаҳояш санади ҳамкорӣ имзо тхоҳад шуд. Ҳамчунин рӯзи 2 апрел дар шаҳри Риёз Ҳамоиши соҳибкорию сайёҳӣ баргузор мегардад.
Ҳамоиши соҳибкорию сайёҳии дигар 3 апрел дар шаҳри Ҷидда — маркази тиҷоратиии ин мамлакат доир хоҳад шуд.
Дар шаҳри Риёз инчунин мулоқоти Фаррух Ҳамрализода бо муовини вазири савдо ва саноати Саудӣ Моҷид ал-Бовардӣ ва вохӯрии раиси Кумитаи сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода бо раиси Кумитаи сайёҳӣ ва осори фарҳангии Арабистони Саудӣ Шоҳзода Султон ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд дар назар аст.