ДУШАНБЕ, 28 мар— Sputnik. Бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Сауъдӣ дар шаҳри Риёз ба муносибати ҷашни Наврӯз ду маҳфил баргузор шудааст, хабар медиҳад равобити умумии ВУХ Тоҷикистон.
Рӯзҳои 23-юм ва 24-уми март бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Сауъдӣ дар шаҳри Риёз ду маҳфили бахшида ба истиқболи Наврӯзи хуҷастапай ороста шудааст, яке барои тоҷикону тоҷикистониёни муқими ин шаҳр ва дувумӣ барои корпуси дипломатии муқими Риёз дар якҷоягӣ бо сафоратҳои давлатҳои ҳавзаи Наврӯз.
Дар ҳарду маҳфил сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ суханронӣ намуда, доир ба таърих ва фазилатҳои Наврӯз изҳори андеша кардааст.
Ҳунарнамоии ҳунарпешаи маъруфи Тоҷикистон Давлат Назрӣ ва ҳамроҳони ӯ, ки бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Сауъдӣ ба ин ҷо омада, ба маҳфилҳои наврӯзии мазкур шукуҳу шаҳомати хоса бахшида, боиси муаррифӣ аз фарҳанги волои мардуми тоҷик дар ин кишвар гардидааст.
Наврӯз — ҷашни баробар шудани рӯзу шаб ва оғози соли нав дар миёни мардумони эронитабор аст ки онро бархе аз турктаборон, аз онҷумла дар Русия, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Хурд низ ҷашн мегиранд.
Моҳи сентябри соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро дар феҳрасти осори фарҳангии башар шомил карда ва дар поёни моҳи феврали соли 2010 Маҷмаъи умумии СММ 21 мартро "Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз" эълом кард.