ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар рафти боздид, 70 сар оҳуи холдор, ки аз Русия оварда шудааст ба мамнуъгоҳ сар додааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки масоҳати заминҳои мамнуъгоҳи "Хуталон" 6 ҳазор гектарро ташкил дода, дар ин ҷо паррандагону чорвои нодир, аз қабили "оҳуи холдор", "уреал-гусфанди куҳии бухороӣ", "муфлон" ва аз паррандагон бошад, асосан "тазарв" парвариш меёбад.
Дар ҳоли ҳозир дар мамнуъгоҳи "Хуталон" беш аз 500 сар оҳуи холдор мавҷуд аст ва Эмомалӣ Раҳмон ба хотири афзоиши саршумори он, инчунин тоза кардани насли ин ҳайвони нодир имрӯз беш аз 70 сар оҳуи холдорро, ки аз Русия ворид карда шудаанд, дар ҳудуди мамнуъгоҳ сар доданд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон оянда бо дарназардошти имкониятҳои фаррох, боду ҳавои мусоид барои парвариши ҳайвонҳои нодир мувофиқ, дар ҳудуди ноҳияи Данғара боз ду мамнуъгоҳ дар майдони 22 ҳазор гектар таъсис дода мешавад.
Соли 2017 мурғи фазан, ё ин ки тазарв низ аз Чехия ба ҷумҳурӣ оварда шуд ва аз руи маълумоти мутахассисон баъди парвариш ва афзоиш танҳо дар соли 2018 беш аз 1200 сар парандаи фазан дар мамнуъгоҳҳои ноҳияи Данғара барои афзоиш сар дода шуданд.
Мурғи тазарв низ аз шумули паррандаҳои нодири табиати Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар мамнуъгоҳи "Хуталон" ҳамчунин 90 гектар боғи мевадиҳандаи дарахтони себ, нок ва чормағз мавҷуд аст, ки бо таъсиси он даҳҳо нафар сокинони ноҳияи Данғара соҳиби ҷойи корӣ доимӣ ва даромади хуби иқтисодӣ мегарданд.
Пас аз ошноии пурра бо вазъи мамнуъгоҳи "Хуталон" ва сар додани оҳуҳои холдор, раисҷумҳур диққати кормандони мамнуъгоҳ ва роҳбарияти ноҳияро ба масъалаи вусъати парвариши паррандаҳо, зиёд намудани саршумори чорвои нодир, инчунин оид ба ҷоннок намудани корҳои ободонӣ, ба тартиб даровардани ҳудуди мамнуъгоҳ, таъмини хурок ба ҳайвонот дар фасли сармо, дигар ҳайвоноту наботот ва тавассути ин муҳайё намудани заминаи рушди туризм, супоришҳо додааст.