Офтобӣ: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© Sputnik / Устинов / Гузариш ба медиабонкЗакат над Амударьей, архивное фото
Закат над Амударьей, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, 30 март, ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе минтақаҳо баландшавии ҳарорат дар назар аст

ДУШАНБЕ, 30 мар- Sputnik. Бино ба гузориши Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар саросари кишвар ҳаво тағйирёбанда ва бебориш шуда, дар бархе аз манотиқи кишвар ҳарорати ҳаво баланд мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Бод аз сӯи шарқ 4-9 метр ва дар баъзе ҷойҳо то 20-25 м дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Снегопад, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Барфу борон: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешбинӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 1-4 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 8-13 дараҷа сард ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мешавад. Бод аз сӯи шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, шабона дар водиҳо 8-13 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, ҳарорат шабона 8-10 ва рӯзона 27-29 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0