Барфу борон: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© Sputnik / Амир ИсаевСнегопад, архивное фото
Снегопад, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, 28 март дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар аст

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва баъзе ноҳияҳо боридани борону барф ва вазиши боди сахт пешбинӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрноки боронӣ шуда, дар баландиҳои 2500 м боридани барф дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Замерший пруд в ботаническом саде, Боги Ирам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳори барфӣ: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва барф пешбинӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 0-5 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 6-11 дараҷа сард ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда буда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ карда мешавад. Бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барф дар назар аст.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда ва боридани борон пешбинӣ шуда, ҳарорат шабона 9-11 ва рӯзона 22-24 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0