ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Гурӯҳе аз фарҳангиён ва рӯшанфикрони Самарқанд чанд рӯз боз дар вилояти Суғд қарор доранд, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, доктори илмҳои техникӣ, профессор Рустам Холмуродов ва мудири кафедаи забон ва адабиёти тоҷики ҳамин донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъа Ҳамроҳ бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни таълим, вазъи пояи моддиву техникии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон аз донишкада боздид кардаанд.
Меҳмононро директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ва донишҷӯён бо нону намак ва гулу гулдаста пешвоз гирифтаанд.
Ҳайати меҳмонон аз лабораторияҳои кафедраи таъмини барқ ва автоматика, стансияи таъмири автомобилӣ, майдончаи варзишии футбол, китобхона дидан намуда, ба шароити таълиму тарбия баҳои баланд додаанд.
"Ба меҳмонон махсусан раванди сиклии таълим, корбарӣ тариқи системаи иттилоотии донишкада ва фаъолияти Марказҳои таҳсилоти фосилавӣ ва мартаба писанд афтод", —омадааст дар хабарнома.
Зикр шудааст, ки минбаъд робита дар ҳама самт густариш меёбад.
Сарвари Донишгоҳи давлатии Самарқанд аз директори донишкада даъват ба амал овард, ки ба ин муассисаи бонуфузи илмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон меҳмон гардад ва барои густариши ҳамкориҳо оғози расмӣ бахшида шавад.
Манбаъ афзудааст, ки даъвати ҷониби Самарқанд бо хушнудӣ қабул гардид.