ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Ҳунармандони Узбакистон дар маросими таҷлили Наврӯз дар шаҳри Панҷиканд ширкат мекунанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.
Бино бар иттилои манбаъ, имрӯз 27 март ҳайати меҳмононро дар гузаргоҳи сарҳадии "Саразм", воқеъ дар шаҳри Панҷиканд муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.
"Дар назар аст, ки меҳмонон зимни ин сафар аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Панҷаканд, Истаравшан, Хуҷанд, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, дар як қатор чорабиниҳои наврӯзӣ, аз ҷумла дар чорабинии Наврӯзи ҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳри Панҷиканд сурат мегирад, иштирок намоянд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки рӯшанфикрони Суғд Наврӯзро бо Мирзиёев таҷлил карданд. Рӯшанфикрони вилояти Суғд ҷашни Наврӯзро ҳамроҳи раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Самарқанд таҷлил кардаанд, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.
"Шоми дӯстӣ"-ро, ки ба шарафи меҳмонони тоҷик дар тарабхонаи "Хонатлас"-и шаҳри Самарқанд баргузор гардидааст, муовини раиси вилояти Самарқанд оид ба туризм, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Мӯнис Восиев оғоз бахшида, меҳмонони тоҷикро аз номи Шавкат Мирзиёев табрик гуфтааст.