ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар Маскав маросими кушодани давраи дуюми олимпиадаи мактабӣ барои атфоли муҳоҷирон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Созмони ҷамъиятии "Нур".
Ин чорабинӣ бо дақиқаи сукут ба хотираи касони фавтида дар сӯхтори шаҳри Кемерово оғоз шуд.
Дар маросим раиси "НУР" Алимамад Боймамадов, ва ҳамчунин 230 мактаббача ва волидайни онҳо ширкат доштанд.
"Ҳадафи асосии мо — ошкор намудани талабагони лаёқатманд аст, ки баъдан бо онҳо омӯзгорони ботаҷриба алоҳида, кор мекунанд", — шарҳ дод Боймамадов.
Пас аз ин, кӯдакон ба синфхонаҳо тақсим карда шуда, ба озмоиши забони русӣ пардохтанд.
Давраи дуюми олимпиада аз рӯи ин фанҳои гуманитарӣ баргузор хоҳад шуд:
- Забони русӣ (синфҳои 5-11) — 28.03.2018
- Ҷамъиятшиносӣ (синфҳои 5-11) — 30.03.2018
- Забони англисӣ (синфҳои 5-11) — 04.04.2018
- Таърихи Русия (синфҳои 5-11) — 06.04.2018
- Адабиёти рус (синфҳои 5-11) — 11.04.2018
Дар натиҷаи озмоиш аз рӯи тамоми фанҳо, дар таърихи 15 апрел маросими ҷоизасупорӣ баргузор мегардад.
Барандаҳои 13-17-соларо созмон бо роҳхатҳои Артек қадрдонӣ намуд. Он ҷо онҳо дар Барномаи байналмилалии "Стратегияи оянда" ширкат варзиданд, ки 21 рӯз давом кард.
Бар асоси натоиҷи олимпиада, Мактаби олии иқтисод, Донишгоҳи русиягии дӯстии халқҳо, Донишгоҳи равоншиносӣ-омӯзгории Маскав, Донишгоҳи ҳавофазоии Самара ва Донишгоҳи давлатии Толятти хоҳиши иштирок дар ташкили озмоишот ва интихоби талабагони қобилиятнокро барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои худ, кардаанд.
Шурӯъ аз соли нави таҳсил, барномаи олимпиадаи мактабӣ дар якҷоягӣ бо ин донишгоҳҳо мувофиқа карда мешавад.
Мухтасаре дар бораи тарҳ
Лоиҳаи олимпиадаи мактабии "Нур" яке аз самтҳои фаъолияти бахши таълимии созмон мебошад. Ин лоиҳа яке аз қисмҳои силсилаи фанноварӣ аст, ки барои беҳбуд гардонидани таҳсили кӯдакони зодаи Тоҷикистон, роҳандозӣ шудааст.