ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Ин олимпиад 10 — 15 декабр дар шаҳри Боку баргузор шуда ва дар он Бобохон Ҳафизов аз ноҳияи Данғара низ ширкат кардааст.
Ба гузориши хабларгузории ТоҷикТА, дар ин озмуни зеҳнӣ Далер Пиров 69 имтиёз ба даст оварда ва қаҳрамон шудааст.
"Донишомӯзи синфи 9-уми дабиристони тоҷикӣ-русии "Ҳотам ва П.В." далер Пиров дар ин олимпиада 69 имтиёз ба даст овард, ки 20 имтиёз бештар аз донишомӯзе аст, ки дувум ҷойгоҳро гирифтааст", — гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Дар ин озмун ҳар донишомӯз бояд се масъаларо ҳалл мекард, ки якез риёзӣ, дигаре аз физика ва севум аз кимиё буд.
Далер Пиров дар озмуни физика 30 имтиёз аз ҷамъи кулл, дар озмуни кимиё 28 имтиёз аз 30 ва дар озмуни риёзӣ 11 имтиёз аз 40-торо ба даст оварда қаҳрамони ин мусобиқот шинохта шудааст. Вай афзун бар медоли тилло ноутбук низ дарёфт кардааст.
Бобохон Ҳафизов, донишомӯзи яке аз мактабҳои ноҳияи Данғара, дар ин мусобиқот медоли ӣиринҷӣ ба даст овардааст.