Субҳи имрӯз замин дар Тоҷикистон чанд бор ларзид

© AFP 2023 / FREDERICK FLORINСейсмография, архивное фото
Сейсмография, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино бар иттилои КҲФ Тоҷикистон, ин заминларза хисороти ҷонию молӣ дар пай надоштааст

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Сокинони Тоҷикистонро субҳи имрӯз се маротиба ларзиши замин такон дод. Дар ин бора Маркази заминларзашиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

"Имрӯз, 30 март дар Тоҷикистон се зилзила сабт карда шуд",- омадааст дар иттилои марказ.

Аввалин ҳодисаи заминҷунбӣ 30 март,  соати 03:54 рух додааст, ки конуни он 101 километрии шимолу шарқии Душанбе ва 17 километрии шаҳри Роғун будааст.

Аз ин зилзила ҳамчунин Маркази заминларзашиносии Урупо дар дарёи миёназамин низ хабар додааст.

​

Дар Роғун шиддати ларзиши замин 4 баллро ташкил додааст. Қувваи заминларзаро коршиносон дар Душанбе 2-3 балл гуфтаанд.

Заминҷунбии дуввум соати 4:24 бо қувваи 4 балл дар ҳамон  конун рух дод.  Дар Роғун шиддат заминларза 3 балл буд.

Заминларзаи севум соати 7:10 субҳ рух дод, ки конои он 101 километрии шимолу шарқии Душанбе ва 17 километрии шаҳри Роғун аст. Дар Роғун шиддати зилзила 3 баллро ташкил дод.

Бино бар иттилои КҲФ Тоҷикистон, ин заминларза хисороти ҷонию молӣ дар пай надоштааст.

Лентаи хабарҳо
0