Узбакистон аз Русия чархболҳои ҷангии Ми-35 мехарад

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкВертолет Ми-35, архивное фото
Вертолет Ми-35, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино бар қарордоди ҳамкории низомиву фанние, ки Русия ва Узбакистон чанде пеш имзо карда буданд, Маскав ин чархболҳоро ба Тошканд ба нархе хоҳад фурӯхт, ки барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷангафзор мефурӯшад

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Русия ва Узбакистон барои фурӯшу хариди беш аз 10 чархболи ҷангиву таробарии "Ми-35" қарордод имзо карданд, хабар дод Владимир Дрожжов, муовини мудири Созмони федеролии ҳамкориҳои низомиву фаннии Русия, дар ҳошияи намоишгоҳи низомии ArmHiTech-2018.

"Ҳамкориҳои низомиву фаннии Русия ва Узбакистон ҳамвора густариш меёбанд. Чунончи, дар чорчӯби тавофуқоти ду кишвар қарордоди хариду фурӯши беш аз 10 чархболи Ми-35 имзо Бино бар қарордоди ҳамкории низомиву фанние, ки Русия ва Узбакистон чанде пеш имзо карда буданд, Маскав ин чархболҳоро ба Тошканд ба нархе хоҳад фурӯхт, ки барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷангафзор мефурӯшадшудааст", — гуфт Дрожжов ба хабарнигорон.

Дар Исфара бозори фурӯши маҳсулоти Узбакистон ифтитоҳ шуд - Sputnik Тоҷикистон
Дар Исфара бозори арзони фурӯши маҳсулоти Узбакистон ифтитоҳ шуд

Ҳамкориҳои фанниву низомии Русия ва Узбакистон дар паи расидани Шавкат Мирзиёев ба қудрат дар он кишвар рӯ ба густариши беш аз пеш ниҳодаанд. Чунончи, ин ду кишвар дар соли 2016 қарордоди ҳамкории низомиву фанние имзо карда буданд, ки бино бар он Маскав ҷангафзорҳоро ба Тошканд ба нархе хоҳад фурӯхт, ки барои нерӯҳои мусаллаҳи худ мефурӯшад.

Узбакистон ягона кишваре дар Иттиҳодияи давлатҳои мустақил аст, ки чунин имтиёзе ба даст оварда, ҳарчанд на узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ аст ва на узви Иттиҳодияи гумрукии Иттиҳоди иқтисодии Уросиё.

Чархболи "Ми-35М" ягона ҳавогарди ҷангии чандманзура аст, ки барои ҷустуҷӯ ва ёфтану нобуд кардани танкҳо, зиреҳпӯшҳо, сангарҳои бетонӣ, паноҳгоҳҳо, қоиқҳо, шиноварҳои хурду миёна, чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишини пастпарвоз ва нерӯҳои пиёдаи душман ва анҷоми амалиёти мингузорӣ дар манотиқи ҷангӣ ба кор меравад.

Ин чархбол метавонад ҳамзамон бо ширкат дар амалиётҳои ҷангӣ 8 сарбози таковарро ҳамроҳ бо ҳама ҷангафзорашон ё 1500 килуграм бору ҷангафзорро дар даруни бадана ва ё 2500 килуграм бору ҷангафзорро овезон дар зери бадана ҷобаҷо кунад. Ин чархбол ҳамчунин метавонад захмиёнро аз майдони ҷанг берун барад ва ё кормандони фанниро ба пойгоҳҳои худбасанд бирасонад.

Тавони размии ин чархбол басе бештар аз ҳама чархболҳои рақибаш аст. Он мусаллаҳ ба чандин гуна мушакҳои ҳидоятшавандаи танкзани ҳаво ба замин, мушакҳои ҳидоятнашавандаи 80-милиметрӣ ва 240-милиметрӣ, ду ҷуфт тирбори 12,7-милиметрӣ ва 7,62-милиметрӣ, норанҷакандози 30-милиметрӣ ва оташбори думилаи 23-милиметрӣ аст ва ҳамчунин метавонад бомбаҳои аз 50 то 500-килуграмӣ ва касетҳои мингузорро ҳамлу партоб кунад.

Лентаи хабарҳо
0