Дар Исфара бозори арзони фурӯши маҳсулоти Узбакистон ифтитоҳ шуд

© Дафтари матбуотии раиси шаҳри ИсфараДар Исфара бозори фурӯши маҳсулоти Узбакистон ифтитоҳ шуд
Дар Исфара бозори фурӯши маҳсулоти Узбакистон ифтитоҳ шуд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозори фурӯши мол ва маҳсулоти истеҳсоли Узбакистон доимоамалкунанда буда, дар қитъаи алоҳидаи бозори «Навбаҳор», воқеъ дар гардишгоҳи маҳаллаи «Баҳор»-и маркази шаҳр таъсис дода шудааст

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дирӯз, 26 март дар маркази шаҳри Исфара Бозори фурӯши мол ва маҳсулоти истеҳсоли Узбакистон расман ба фаъолият шурӯъ кард. Дар ин бора дафтари матбуотии раиси шаҳри Исфара гузориш медиҳад.

Гуфта мешавад, ки бозори мазкур дар асоси қарори ҷаласаи машваратии назди иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода ба хотири таъмини фаровонии бозори дохилӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ба соҳибкорону тоҷирони кишвари ҳамсоя, ки бо маҳсулоти босифату нисбатан арзон вориди шаҳр мегарданд, ифтитоҳ гардид.

Бозори фурӯши мол ва маҳсулоти истеҳсоли Узбакистон доимоамалкунанда буда, дар қитъаи алоҳидаи бозори "Навбаҳор", воқеъ дар гардишгоҳи маҳаллаи "Баҳор"-и маркази шаҳр таъсис дода шудааст.

Дни культуры Узбекистана в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Ҳунармандони Узбакистон барои ширкат дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон омаданд

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин  Саломзода зимни боздид ва суҳбату мулоқот бо тоҷирони кишвари ҳамсоя ба масъулини сохторҳои марбута ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ободонии бозор ва беҳдошти фаъолияти иншоотҳои хизматрасонӣ, инчунин ба роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва будубоши бемамонияти соҳибкорону тоҷирони кишвари ҳамсоя дастурҳои мушаххас дод.

© Дафтари матбуотии раиси шаҳри ИсфараСавдогарон дар бозори нав дар Исфара
Савдогарон дар бозори нав дар Исфара - Sputnik Тоҷикистон
Савдогарон дар бозори нав дар Исфара

Тавре зимни боздиду мулоқот бо тоҷирону хардорони маҳаллӣ маълум гардид, аз фароҳам сохтани чунин як шароити созгор на танҳо сокинони ноҳияҳои ҳамсарҳади ҷумҳурии ҳамсоя, ки ба бозори Исфара молу маҳсулот ворид намудаанд, балки сокинони шаҳр низ хурсанду қаноатманд гардидаанд.

Лентаи хабарҳо
0