Баҳори барфӣ: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© © Sputnik / Амир ИсаевЗамерший пруд в ботаническом саде, Боги Ирам, архивное фото
Замерший пруд в ботаническом саде, Боги Ирам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, 14 март дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар аст

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва баъзе ноҳияҳо боридани борону барф ва вазиши боди сахт пешбинӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар аст. Бод аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Зонтик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Борон меборад: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бориши борону барф пешбинӣ шудааст. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 3-2 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда буда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони пуршиддат пешбинӣ карда мешавад. Бод аз сӯи ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барф дар назар аст.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар дошта шуда, боридани борон пешбинӣ мешавад. Шабона 7-9 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0