ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Имрӯз таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Дар рафти он гузориши раҳбарони сохторҳои гуногуни кишвар дар бораи нақшаҳои корӣ шунида шудааст.
"Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Шаҳри Душанбе, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ширкати Барқи тоҷик ва дигар сохторҳои марбутаи кишвар барои татбиқи саривақтӣ ва гузаронидани чорабиниҳо "Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018" изҳори сипосу миннатдорӣ карданд", —омадааст дар хабарнома.
Эмомалӣ Раҳмон баҳри омодагӣ ба давраи зимистони солҳои 2018-2019 ҷиҳати захираи ангишт, истифода ва татбиқи иқтидорҳои нав аз ҳисоби Неругоҳҳои нави барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ, омода кардани ҳамаи соҳаҳои иҷтимоии кишвар, аз ҷумла бахшҳои маорифу тандурустӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷоннок кардани фаъолияти сохторҳои Раёсати оташхомушкунии ҷумҳурӣ, инчунин бунёди иншооти зиддитармавӣ дар минтақаҳои куҳӣ, супоришҳои мушаххас додааст.
Ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин маҷлис ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони ҳамаи сохторҳои давлатӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумат ва Қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин иҷрои дигар масъалаҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои мушаххас додааст.
Супоришҳои дигар ба Ҳукумати мамлакат, Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба корҳои ободонию созандагӣ дар саросари кишвар, ба хусус дар пойтахти мамлакат, омодагии ҳамаҷониба ба чорабиниҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ, ки соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, вусъати корҳои саҳроӣ, дар сатҳи зарурӣ доир кардани кишту кори баҳорӣ, дода шудааст.