ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Дар кори маҷлис нахуст вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода гузориш додааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Гуфта шудааст, ки мақсади таҳияи қарори Ҳукумати Тоҷикистон муайян кардани супоришу тадбирҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 мебошад.
"Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ ба раисҷумҳур дар бораи Қоидаҳои муайян кардани обектҳои сохтмонашон нотамом ва ба муомилоти гражданӣ баровардани онҳо бошад, гузориши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода шунида шуд", — омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад, ки лоиҳаи қарори мазкур асос ва тартиби ба муомилоти гражданӣ баровардани обектҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии нотамомро новобаста аз сарчашмаи маблағгузорӣ, шакли моликият ва таъиноташ ба танзим медарорад.
Аъзои Ҳукумати кишвар 8 тарҳи қонун, аз ҷумла Оид ба лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"-ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудаанд.
Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи қувваи корӣ Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дастур додааст, ки бо дарназардошти мавҷуд будани қувва кофии меҳнат ва бо риояи ҳамагуна қонунгузориҳо, сабукиҳои рафтуомади шаҳрвандон байни кишварҳо дар асоси созишномаҳои дуҷониба, тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар кори маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин оид ба лоиҳаи қарорҳои ҳукумат Дар бораи лоиҳаи Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Дар бораи Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, Дар бораи Тартиби таҳияи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва амалӣ намудани барномаи сармоягузориҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди баррасӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии илмии "Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" бошад, гуфта шуд, ки Мақсади таъсиси ин ниҳод омӯзиш ва ба роҳ мондани мониторинги доимии пиряхҳо ва сарчашмаҳои дигари обии Тоҷикистон мебошад.
Ба роҳ мондани фаъолияти Маркази омӯзиши пиряхҳо барои татбиқ намудани Қатъномаи СММ оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028", ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шудааст, мусоидати бевосита мерасонад, зеро пиряхҳо манбаи асосии захираҳои обӣ буда, таҳқиқу омӯзиш ва мониторинги доимии онҳо на танҳо барои ҷумҳурӣ, балки давлатҳои поёноб аҳамияти басо муҳим дорад.
Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони ҳамаи сохторҳои давлатӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумат ва Қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин иҷрои дигар масъалаҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои мушаххас додааст.
Супоришҳои дигар ба Ҳукумати мамлакат, раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба корҳои ободонию созандагӣ дар саросари кишвар, ба хусус дар пойтахти мамлакат, омодагии ҳамаҷониба ба чорабиниҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ, ки соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, вусъати корҳои саҳроӣ, дар сатҳи зарурӣ доир кардани кишту кори баҳорӣ, дода шудаанд.