ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Рӯзи 24 март дар сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон бо иштироки намояндагони ҷамъияти тоҷикон ва донишҷӯён Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил карда шудааст, хабар медиҳад равобити умумии ВУХ Тоҷикистон.
Ба гузориши манбаъ, дар ин рӯз ҳавлии сафорат тағйири шакл карда, ба фазои фарҳангу таърихи ҳазорсолаи тоҷик табдил дода шудааст.
Меҳмонони чорабинӣ бо анъанаҳои асосии ҷашни Наврӯз ошно шудаанд.
Дар назди меҳмонони ҷамъомада бо сухани табрикӣ сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Сӯҳроб Олимзода баромад кардааст. Сафир гуфтааст, ки Иди қадимаи Наврӯз мутобиқи қатъномаи СММ Иди байналмилалӣ эълон гардида, ҳар сол 21 март дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.
Дар ин рӯзи тантанавӣ донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таълимии олии гуногуни Қирғизиситон таҳсил менамоянд, барои ҷамъомадагон барномаи ҳунарии худро нишон доданд.
Наврӯз — ҷашни баробар шудани рӯзу шаб ва оғози соли нав дар миёни мардумони эронитабор аст ки онро бархе аз турктаборон, аз онҷумла дар Русия, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Хурд низ ҷашн мегиранд.
Моҳи сентябри соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро дар феҳрасти осори фарҳангии башар шомил карда ва дар поёни моҳи феврали соли 2010 Маҷмаъи умумии СММ 21 мартро "Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз" эълом кард.