Аз гараж ба саҳна: Хайём Хаёлбеков намехоҳад ба Муборакшо монанд бошад

© Фото : аз бойгонии ХаёлбековХайём Хаёлбеков
Хайём Хаёлбеков - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хайём Хаёлбеков овозхони ҷавони тоҷик ҳадаф дорад гурӯҳи худро ташкил кунаду олами мусиқии Тоҷикистонро бо овозхонии зинда тасхир кунад

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Хайём Хаёлбеков ин рӯзҳо барои консерташ дар Маскав омодагӣ мебинад. Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Хайём дар бораи роҳи ҳунарӣ, консерт дар Маскав ва хоҳиши монанд набудан ба дигарон нақл кард.

Хайём Хаёлбеков 23 майи соли 1990 дар нохияи Ишкошими ВМКБ  ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар шаҳри  Душанбе хатм кардааст. Донишомӯхтаи бахши муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия мебошад. Дар айни замон Хайём дар Аввалин Бонки Молиявии Хурд шаҳри Душанбе фаьолият мекунаду дар фурсати холӣ ба эҷоди мусиқӣ машғул мешавад.

Кӯдаке бо магнитафон

Хайём Хаёлбеков аз кӯдакӣ шавқи овозхон шуданро доштааст, дар ин роҳ касеро устоди худ намешуморад. Мегӯяд, ки фақат гӯш кардани мусиқӣ ӯро мафтуни оҳангу наво кардааст.

"Аслан устоди ман ин магнитофони одии даврони кӯдакиам буд. Устод Далер Назаров, Олег Фезов, шодравон Наргис Бандишоева, Муборакшо Мирзошоев ва овозхонони классики афғонрро гӯш мекардам",-ба ёд меорад Хайём дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Шояд таъсири сурудҳои устодони ҳунар буд, ки имрӯз аксари мардуме, ки таронаҳои Хайёмро гӯш мекунанд, сабки ӯро ба Муборакшо Мирзошоев монандӣ медиҳанд.

"Бале ҳаминхел мегӯянд, вале ман Муборакшоро тақлид намекунам ва намехохам ба ягон кас монанд бошам, чун эшон нотакрор буданд, тақлид кардани у маъное ҳам надорад", — бовар дорад Хайём.

Хайём мегӯяд, ки будаанд овозхонони зиёде, ки Муборакшоро тақлид мекарданд, вале дар ин ҷода муваффақ нашудаанд, чун шодравон Мирзошоев нотакрор буд.

Бонкдор, гиторнавоз, овозхон ва оҳангсоз

Дар айни замон Хайём дар Аввалин Бонки Молиявии Хурд шаҳри Душанбе фаьолият мекунаду дар фурсати холӣ ба эҷоди мусиқӣ машғул мешавад.

Овозхонӣ шуғли дӯстдоштааш ҳаст, ки ӯро аллакай байни мардум маъруф кардааст. То имрӯз Хайём Хаёлбеков 12 суруди худро сабт кардаву пешкаши мухслисонаш гардонидааст.

Сурудҳои "Чашмонсиёҳ", "Дар ишқи яздон", "Нозукбадан", "Шоҳмуборак", "Ба ҳаққи шоҳи мардон", "Шохи гул", "Лабҳои сард", "Фасли баҳор", "Рамида", "Санамо", "Май дар соғар андозем", "Ошиқам", Хайём-ро мардум аз шабакаҳои интернетӣ хуб балад аст.

Бархе аз ин сурудҳо моли аслии Хаёлбеков буда, чанде бозхонӣ аз овозхонони дигар вале бо иловаи шакли мусиқавии нав мебошад.

"Ҳастанд сурудҳое, ки барои ба қофияи мусиқӣ даровардан худам навиштаам, масалан, нақароти суруди "Чашмонсиёҳ", ки рубоёти шодравон Эҳтибор Юсуфӣ",- гуфт Хайём ва илова карда, ки оҳанги "Нозукбадан"-ро ҳам худ офаридааст.

Дар баробари ин Хайём гиторро хеле хуб менавозад.

Нахустин қарсакҳои мухлисон

Нахустин ҳунарнамоии  Хайём Хаёлбеков дар саҳнаи бузург, рӯзи 8 март дар Филармонияи давлатии Душанбе ба муносибати Рӯзи модарон баргузор шуда буд. Ба гуфти Хайём дар ин коенсрт ҳунарнамоияшро хуш пазируфтаанд ва ӯ нахустин қарсакҳои пурмавҷеро, ки солҳо интизорашон буд, аз мухлисонаш шунидааст.

"Ман то ин дам танҳо барои дӯстон ва дар барномаҳои фарҳангӣ суруд мехондам, вале консерти нахустинам ҳамин сол дар Душанбе баргузор шуд", — гуфт Хайём.

Аз гараж ба саҳна

Вале ба фикри Хайём барои пешрафт ва сабти сурудҳои нав танҳо қарсакҳои пурмавҷи мухлисон басанда нест ва фаъолияти овозхонӣ дастгирии молиявиро талаб мекунад.

Пӯшида нест, ки дар Тоҷикистон манбаъи даромади аслии овозхонон тӯй аст, вале аз сабаби он ки Хайём то имрӯз гурӯҳи навозандагони худро надорад дар тӯйҳо танҳо барои табрик гуфтани дӯстон як ду тарона иҷро мекунаду бас.

Певец Далер Мирзошоев - Sputnik Тоҷикистон
Далер Мирзошоев: дар Маскав моро хуш пазируфтанд

"Дар Точикистон бисёр фармоишҳо мешавад, чун гуруҳ надорам аз ҳамин лиҳоз як ду суруди табрикотӣ мехонаму халос", — гуфт Хайём.

Вале Хайём бо як ду суруди табрикотӣ бас карданӣ нест. Ӯ дар нақша дорад гурӯҳи худро ташкил кунаду бо ҳунарнамоии зинда, ки вақтҳои охир барои шоу-бизнеси Тоҷикистон коре маҳол шудааст, мардуми Тоҷикистонро тасхир кунад.

"Албата барои ташкил кардани гурӯҳ, ба мо пеш аз ҳама, лавозимот, асбобҳои мусиқӣ барои машқ кардан ва дарёфти навозандагони касбӣ лозим аст", —гуфт Хайём ва афзуд, ки макони машқро аллакай дар Душанбе ташкил кардааст.

"Ҷое, ки дар он машқу тамрин барои сабти албом мекардем, дар дохили гараже ки дар он мошинро нигоҳ медоштем буд. Вале замоне хабар шудем ки ҷой барои машқкунӣ пурра омода шудаасст", — мегӯяд бо табассум Хайём.

Роҳи ҳунар пурпечутоб ҳасту сабру меҳнати зиёдеро талаб дорад. Хайём мегӯяд, ки ӯро дар ин роҳ ҳам аъзои хонавода ва ҳам дӯстонаш пайваста дастгирӣ мекунанд.

"Мо аз Бадахшон макони шерон"

Дар Точикистон суруди "Чашмонсиёҳ"-и Хаёйм Хаёлбеков қариб ки дар тамоми бозорҳо, ва дуконҳои фиттафурӯшии Душанбе ба гӯш мерасад. Тоҷикони муқими Маскав бошад бештар "Ба ҳаққи шоҳи мардон"-ро писандидааст, яъне сурудҳои Хаёлбеков ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия мухлисони худро пайдо кардааст.

Яке аз сурудҳое, ки Хайёмро бештар барои тамошобинони тоҷик машҳур кард, суруди "Дар ишқи яздон" бо нақароти "Мо аз Бадахшон макони шерон" буд. Ин сурудро дар шабакаи ютуб наздики 50 ҳазор кас боздид кардааст.

Аслан ин суруд аз устод Иброҳим Сорбон, овозхони классики афғон, бо нақороти "Ки карда пар пар гули печида ёрам бе гуноҳ аз мо рамида" мебошад. Пасон шодравон Муборакшо Мирзошоев ин сурудро бо нақороти "Мо аз Бадахшон мо ҳам мусалмон" сурудааст.

Вале Хайём нақароти ин сурудро ба "Мо аз Бадахшон макони шерон" иваз кардааст ва ин эҷодиёти худро аз воқеъият дур намедонад.

Хайём дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон сабаби ба шер монанд кардани мардони Бадахшонро гуфт.

Ӯ мегӯяд, ки мардони Бадахшон ва умуман Тоҷикистон дар масъалаи дастгирӣ ба мисоли шеранд. Консерт дар Маскав бо даъвати ҷавонони тоҷи сурат гирифтааст ва Хайём аз дастгирии дӯстонаш беҳад розӣ аст.

"Дар ташкилкунии консерти Маскав, ки чанд руз аст ин ҷоем, мо то имрӯз ягон камбудӣ надидем, мо ҳамроҳ бо гурӯҳи навозандагон 9 кас ҳастем ва баргузоркунандагони ин консерт тамоми шароитро барои мо мухаё кардаанд".

Ва инак рӯзи баргузории барномаи консертии Хайём Хаёлбеков дар Маскав наздик омадааст. Консерт, ки бо ширкати Чоршанбе Аловатов писари овозхони номдор Ақназар Аловатов баргузор мешавад ба ҷашни Наврӯз бахшида шудааст.

Ин овозхонон қасд доранд, дили муҳоҷирони тоҷикро дар ин сардиҳои Маскав бо сурудҳои наврӯзӣ гарм кунанд.

Консерт рӯзи 24 март соати 19:00 дар Кохи фарҳанги воқеъ дар истгоҳи метрои Сокол баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0