ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Далер Мирзошоев овозхони ҷавон ва бародарзодаи сарояндаи саршинос Муборакшо Мирзошоев чанде пеш дар Маскав дар ҳайъати гурӯҳи "Ҷирай" консерти хайрия баргузор кард.
Мардуми Тоҷикистон ин овозхонро бо таронаҳои "Биё дил" ва "Дил куҷо шуд" хуб мешиносанд.
Дар ҳошияи консерти хайрия, ки 14 январ дар Маскав баргузор шуд, хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо Далер Мирзошоев дар бораи роҳи ҳунарӣ, хотираҳо аз Муборакшо, мушкилоти соҳаи мусиқии Тоҷикистон суҳбат кард.
Беш аз ду ҳафта мешавад, ки Далер дар Маскав асту дар маҳфилҳои солинавию консертҳои зиёде ҳунарнамоӣ кардааст. Аз нигоҳи ӯ, тоҷикони муқими Маскав ҷойгоҳи худро дар Русия ёфтаанду зиндагии хуб доранд. Танҳо чизе, ки онҳоро аз мардуми Тоҷикистон фарқ мекунонад, дурӣ аз Ватан ва падару модар аст.
Ба гуфти Далер, тоҷикони муқими Маскав ҳунарнамоии онҳоро бисёр писандидаанду хуб пешвозашон гирифтаанд.
"Моро дар ҳамаи шабнишиҳо бисёр хуш пазируфтанд. Шод шудем аз чунин истиқбол", — гуфт Далер.
Дар Тоҷикистон пас аз қабули "Қонуни танзими ҷашну маросим" дар соли 2007, муддати баргузории ҷашни арӯсӣ то се соат кам карда шуд. Ин навовариро ҳам мардум ва ҳам овозхонон бо хушнудӣ пазируфтанд. Вале тоҷикон дар Маскав ҳамчунон то ҳафт соат базму бозӣ мекунанд, ки ҳам овозхононро мондаву ҳам мардумро дилгир мекунад.
"Мо дар Тоҷикистон ҳам чун меҳмон ва ҳам овозхон бо ҷашнҳои сесоатӣ одат кардаем ва онро хуш дорем. Дар ин муддат мешавад барномаи хуби консертӣ омода кард. Ба фикрам, ҳама овозхонон ин қонунро дастгирӣ мекунанд. Вале ба фикрам ҳафт соат бисёр асту хастакунанда. Барои ҳафт соат камобеш ҳафт овозхон лозим аст", — гуфт Далер.
Хотираҳо аз Муборакшо
Далер Мирзошоев бародарзодаи сарояндаи саршинос Муборакшо Мирзошоев аст. Ӯ мегӯяд, ки аз амакаш хотира бисёр дорад. Масалан, амакаш Далерро ҳамеша дар рӯзҳои таътил ё ба боғи ҳайвонот ё ба дигар маконҳои фароғатии шаҳри Душанбе мебурдааст.
"Замоне амакам бо сафари ҳунарӣ ба Афғонистон рафта буду, аз он ҷо барои ман сақич ва шалвори велвет овард", — ба ёд меорад Далер.
Ин овозхони ҷавон мегӯяд, ки аз кӯдакӣ бо таронаҳои Муборакшо бузург шудааст ва далели ба мусиқӣ рӯ оварданаш ҳам амакаш аст. Далер мегӯяд, ҳатто мехост танҳо сурудҳои Муборакшоро сарояд ва дар бораи эҷоди сурудҳои шахсӣ фикре ҳам надоштааст.
"Ман овозхониро аз бозхонии таронаҳои Муборакшову Далер Назар оғоз кардам. Нахуст гуфтам ҳамин сурудҳои амакамро месарояму бас. Ҳатто кӯшиш мекардам, ки овозам монанди овози Муборакшо бошад. Вале чунин намешуд. Муборакшо сарояндаи бузург буд. Ҳарчанд кӯшиш мекардам, наметавонистам монанди ӯ суруд бихонам. Ва қарор додам, ки бигзор олӣ набошаду сурудҳои шахсии худам бошад", — гуфт Далер дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
То имрӯз Далер Мирзошоев даҳҳо суруду оҳанг офаридааст, ки маъруфтаринашон "Дил биё" ва "Дил куҷо шуд" ҳастанд. Далер Мирзошоев ният дорад ба наздикӣ нахустин албомашро барорад.
Далер бештари матнҳои сурудҳояшро аз ашъори шоирони классик мегирад. Масалан, суруди "Дил биё" аз ашъори Румӣ буда, суруди "Дил куҷо шуд" аз чакомаҳои Камоли Хуҷандӣ аст.
"Дар умум барои ман муҳим нест, ки шоир классик аст ё муосир. Ман ба матни суруд бештар таваҷҷуҳ мекунам. Бароям маънои шеър бисёр муҳим аст", — гуфт Далер.
Ба фикри Далер Мирзошоев, мушкили аслии соҳаи мусиқии Тоҷикистон набуди мактаби мусиқӣ аст. Ӯ бовар дорад, ки барои рушди мусиқӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мактаби мусиқӣ ва равишҳои гуногун лозим аст.
"Мусиқии тоҷикӣ бисёр ғанӣ аст. Аз Фалаку Шашмақом бигиред то мадҳиясароиву эстрада — дар ҳама жанрҳо ҳунарманд дорем. Бояд ҳар як равиши мусиқӣ дар Тоҷикистон мактаби мусиқии вижа дошта бошад. Бояд дар ҳар як деҳаи хурди Тоҷикистон мактаби мусиқӣ бошад. Мо овозхонони боистеъдод бисёр дорем, вале фақат истеъдод барои маъруф шудан ва дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳунарнамоӣ кардан басанда нест. Бояд мактабҳо бошанд он замон рақобат мешавад ва рақобат пешравӣ медиҳад", — бовар дорад Далер.
Далер Миршзошоев соли 1983 дар шаҳри Душанбе зода шудаасту мактабро дар пойтахту дар ноҳияи Рӯшон хондааст. Вай хатмкунандаи Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон аст ва тахассусаш муҳандиси соҳаи алоқа аст. Сурудхонию оҳангсозӣ фаъолиятҳои дӯстдоштаи ӯ дар зиндагист. Соли 2011 Акмал Ошурмамдов ҷавонони боистеъдодро дар гурӯҳи "Ҷирай" ҷамъ карду Далерро ҳам чун навозандаи гитор ба он гурӯҳ даъват кард. Нахуст Далер дар ин гурӯҳ гитор менавохту оҳанг меофарид ва баъдтар ба сабти сурудҳояш пардохт. Дар ҳоли ҳозир Далер Мирзошоев дар ҳайъати ин гурӯҳ ба ҳайси оҳангсоз, сароянда ва навозанда фаъолият мекунад.