ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Дар оғози мулоқот Эмомалӣ Раҳмон президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо барои ба вазифаи Раиси ниҳоди "СММ-Об" таъин шуданаш табрик гуфтааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
"Мо бояд аҳамияти об — захираи муҳими инсониро барои рушди соҳаҳои мухталифи кишварҳо ва ҳифзи онро барои наслҳои оянда хуб дарк намоем ва Тоҷикистон кишвари фаъол дар пешбурди масъалаҳои об ва муаллифи аксари ташаббусҳои байналмилалӣ дар ин соҳа мебошад", — гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.
Раиси ниҳоди "СММ-Об", президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо дар навбати худ ба хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари кишвари ташаббускору пешоҳанг дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ, истифодаи самараноки захираҳои обӣ, заҳматҳои хастанопазир ва талошҳояшон баҳои баланд дода, нақш ва ҳузури раисҷумҳурро дар Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" ҳалкунанда гуфтааст.
Ҷонибҳо эълон намудани соли 2003 — Соли оби тоза, солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳаёт" ва соли 2013 ба ҳайси "Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об"-ро аз тарафи Тоҷикистон аз ҷумлаи ташаббусҳои бобарор арзёбӣ кардаанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси ниҳоди "СММ-Об", Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо ҷиҳати иштирок дар Конфоронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" даъват ба амал оварданд.
Бо нишони ҷонибдорӣ аз талошҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷилберт Хунгбо омодагии худро ҷиҳати иштирок дар Конфоронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" иброз доштааст.