ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. 21 марти соли 2018 дар Ню-Йорк дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
"Эмомалӣ Раҳмон ба Антониу Гутерриш барои дастгирии доимӣ аз ташаббусҳои марбут ба оби Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид миннатдорӣ карда, бо итминон иброз дошт, ки Даҳсолаи "Об барои рушди устувор" ҷиҳати ҳалли масъалаҳои об ва пешбарии Ҳадафи шашуми рушди устувори марбут ба он дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ мусоидат хоҳад кард",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Дар мулоқот масъалаҳо вобаста ба татбиқи Рӯзномаи 2030, ислоҳоти Низоми Созмони Милали Муттаҳид дар самтҳои сулҳу амният, низоми рушд ва мудирият, инчунин Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар доираи Барномаи рушди Созмони Милал таҳиягардида ба хотири ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор татбиқ мегарданд, баррасӣ карда шуданд.
Раисҷумҳур таъкид дошт, ки Тоҷикистон дар доираи роҳандозии рӯзномаи оби Созмони Милал, рӯзҳои 20-22-юми июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалиро оид ба масъалаҳои об баргузор менамояд.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар масъалаи истифодаи самараноки обу энергетика ба манфиати мардуми Тоҷикистон ва минтақа, инчунин "Энергияи устувор барои ҳама" муҳокима карда шуд.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш нақши Эмомалӣ Раҳмонро дар масоили обӣ, пешбурди муваффақомези рӯзномаи ҷаҳонии об, мубориза алайҳи терроризм ва пешгирии ангезиши падидаҳои он дар минтақа ва фаротар аз он қайд намуд.
Дар пуштибонии ақидаҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш пайвасти зичи масоили обу энергетикаро ба таври возеҳ таъкид намуд.
"Пешгирии зуҳуроти тағйирёбии иқлим ин тавлиди энергияи аз манбаҳои таҷдидшаванда ва ё барқароршаванда мебошад ки захираву иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он боиси қобили мулоҳиза аст",-изҳор дошт Гутерриш.
Вобаста ба андешидани тадбирҳои муштарак баҳри аз байн бурдани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз қабили терроризму экстремизм, Тоҷикистон дар доираи Стратегияи миллии зиддимухаддиротии худ ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд рӯзҳои 3-4 майи соли 2018 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баландро дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароӣ баргузор менамояд.
Дар ҷараёни мулоқот вобаста ба ҳалли масъалаҳои марбут ба таъмини сулҳу субот дар Афғонистон, саҳми Тоҷикистон дар барқарорсозии инфрасохтори иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон тавассути пайваст намудани шоҳроҳҳои нақлиётии ду кишвар, бунёди "пули энергетикӣ"-и CASA-1000 ва дигар тадбирҳо табодули андеша сурат гирифт.