Чораҳои ҷавобӣ: Тоҷикистон масири ширкатҳои Русияро дарозтар кард

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкТень летящего самолета, архивное фото
Тень летящего самолета, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қариб масири ҳамаи парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии русия тағйир ёфт. Ҳамин тавр роҳи ҳавоӣ ба Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Сургут, Самара, Новосибиркс, Красноярск, Иркутск, Қазон ва Оренбург дарозтар шуд

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон чораҳои ҷавобӣ андешида масири роҳи ширкатҳои ҳавоии Русияро дарозтар карданд, хабар медиҳад намояндаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Чораҳои ҷавобии ҳукумати Тоҷикистон пас аз тағйир додани масири парвози ширкатҳои "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" аз ҷониби ҳукумати Русия, ки роҳи парвозро дарозтар мекард, қабул шудааст. Қариб масири ҳамаи парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии русия тағйир ёфт. Ҳамин тавр роҳи ҳавоӣ ба Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Сургут, Самара, Новосибиркс, Красноярск, Иркутск, Қазон ва Оренбург дарозтар шуд.

Самолет компании Уральские авиалинии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аввал Наврӯз: Тоҷикистон пас аз ҷашн бо Русия музокирот мекунад

"Тибқи тағйиротҳо, нуқтаҳои воридшавӣ ва хориҷшавии ҳавопаймоҳои Тоҷикистон ба Русия иваз карда шуданд. Ҳамин тавр Русия барои ширкатҳои Тоҷикистон шароити ногувор пеш овард. Бо дароз шудани масири роҳ истифодаи сӯзишворӣ ҳам бештар мешавад ва ин болоравии нархи чиптаҳоро ба дунбол дорад", — гуфтааст намояндаи Тоҷикистон дар суҳбат бо РИА Новости.

Дар ин росто ҳукумати Тоҷикистон бо ирсоли як нома барои ҳалли ин қазия ба Вазорати нақлиёти Русия муроҷиат кардааст.

"Дар давоми ҳафт рӯз мо аз ҷониби Русия ҷавоби қонеъкунанда нагирифтем ва ҳукумат ба қабули чораҳои ҷавобӣ пардохт", — гуфт намояндаи ҳукумати Тоҷикистон.

Баҳси ҳавоии Тоҷикистону Русия пас аз ҷавоби рад додани Тоҷикистон ба парвозҳои иловагии ширкати ҳавоии "Уралские авиалинии" сурат гирифт.

Лентаи хабарҳо
0