ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Мақомоти ҳавопаймоии Тоҷикистон ва Русия ният доранд, ки баррассии вазъиятро бо парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкати "Уралские авиалинии" дар Тоҷикистон, танҳо пас аз ҷашни Наврӯз ба нақша гиранд.
"Вазорати нақлиёти Русия ба мақомоти ҳавопаймоии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки музокиротро дар таърихи 22 март шурӯъ кунанд. Мо ба музокирот омодаем, вале ба мо пешниҳод намуданд, ки онро ба ҳафтаи охири март гузаронем, чун ҳафтаи дигар дар ҷумҳурӣ иди Наврӯз (аз 21-ум то 26-уми март) ҷашн гирифта мешавад, — омадааст дар хабарномаи РИА Новости.
Чӣ тавре, ки муовини аввали сарвари Оҷонсии ҳавопаймоии шаҳрвандӣ Азиз Набизода ба намояндагони матбуот иттилоъ дод, ширкати "Уралские авиалинии" иҷозаи парвоз ба баъзе хатсайрҳо, минҷумла аз шаҳрҳои Перм ва Челябинск ба Душанбе, надорад.
Чанде пеш намояндаи Вазорати нақлиёти Русия хабар дод, ки Тоҷикистон бо нақзи созишномаҳои байналмилалӣ ва бе огоҳии пешакӣ ба парвозҳои ширкати "Уральские авиалинии" аз Перм ба Душанбе иҷозат надодааст.
Намояндагии Вазорати нақлиёти Русия пеш аз он ки "бо риоя накардани созишномаҳои байналмилалӣ ва бе огоҳии пешакӣ" аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Русия дар хатсайри Перм-Душанбе иҷозат надод.
Набизода афзудааст, ширкати "Уральские авиалинии" иҷозаи парвозро аз чанд шаҳри Русия ба Тоҷикистон надорад, ки Перм ва Челябинск яке аз онҳост.
"Ширкатҳои тоҷикӣ ба ин шаҳрҳо парвоз надоранд. Аммо Вазорати нақлиёти Русия талаб дорад, ки ин ширкат аз шаҳри Перм ва Челябинск ба Душанбе парвоз анҷом диҳад. Мо борҳо дар созишномаҳоямон бо ҷониби Русия қайд карда будем, ки парвозҳо бояд баробар анҷом дода шаванд. Пас, биёд, ин баробариро иҷро кунем",- мегӯяд вай.
Ба гуфти нахустмуовини раис, бе ин ҳам ширкати "Уральские авиалиний" нисбат ба ширкатҳои тоҷикӣ парвози бештар дорад.
"Мо мехоҳем ин мушкилиро ба зуддӣ ҳал кунем. Ба наздикӣ ҳайъати Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои гуфтушунид ба Маскав меравад",- афзудааст вай.