Сармояи хориҷӣ барои Тоҷикистон: чигуна мешавад вом гирифту варшикаста нашуд

© Sputnik / Владимир Сергеев / Гузариш ба медиабонкДеньги
Деньги - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Душанбе бояд дар гирифтани вом эҳтиёт кунад ва бештар тавлидотро сармоягузорӣ кунад ва на дар бахши иҷтимоъӣ то вомҳо йӯғе дар гардани давлат нашаванд

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik, Рубен Гарсия. Тоҷикистон мехоҳад иқтисод ва бахши иҷтимоъии худро бо пулҳои хориҷӣ пеш бибарад, вале чунин метавонад шавад, ки ин пулро натавонад дарёфт кунад.

Дар барномаи вомҳои давлатии Тоҷикистон то соли 2020 оварда шуда, ки ҳукумат дар назар дорад аз хориҷа камобеш 850 милюн дулор вом бигирад ва онро барои пешбурди кишоварзӣ, тандурустӣ, омӯзиш, таробарӣ, умури шаҳрдорӣ ва барқу санъат ҳазина кунад.

Аммо ин суол матраҳ мешавад, ки кадом кишвар ё созмону сандуқе ин вомро ба Тоҷикистон хоҳад дод?

Занги ожир дар поёни моҳи феврал садо дод, замоне ки намояндаи Бонки тавсеъаи Осиёӣ дар Тоҷикистон Прадип Сривастава гуфт, кишвар ба осонӣ нахоҳад тавонист манобеъеро, ки аз фурӯши вомбаргҳо дар бозорҳои молии урупоӣ ба даст оварда, ба вомдиҳандагон пардохт кунад.

Сривастава ҳамчунин гуфта буд, ки БТО маҷбур аст аз додани вому эътибор (кредит) худдорӣ кунад ва аз ин пас кумаки молияш ба Тоҷикистонро дар шакли грантҳо хоҳад расонд. Далелаш ин буда, ки нисбати бидеҳӣ ё қарзҳои кишвар ба дороиҳояш бисёр болост ва Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул ин мавридро ба давлати Тоҷикистон огаҳирасонӣ кардаанд.

Кишваре, ки бахши бузурге аз тавлидоти нохолиси миллияш барои пардохти вомҳои хориҷӣ ҳазина мешавад, дигар наметавонад эътибор бо дарсадҳои боло бигирад.

"Аз нигоҳи ман, 850 милюн дулор барои Тоҷикистон варианти хушбинонае аст. Ин кишвар наметавонад вомҳои калонтаре бигирад, зеро давлат чандон манобеъе надорад, ки қарзҳояшро пардохт кунад, ҳарчанд ҳастанд кишварҳову сохторҳое, ки омода ҳастанд ба Тоҷикистон эътибору сармоя бидиҳанд", — мегӯяд Елена Кузмина, мудири бахши иқтисодии Пажӯҳишкадаи кишварҳои пасошуравӣ.

Национальный банк Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ: “Ардо-капитал” – созмони нави эътиборӣ иҷозатнома дарёфт кард

Аслан ҳар кишваре, ки рӯ ба пешрафт гузошта, бояд дар вомгирӣ тарозеро нигаҳ дорад, то аз як сӯ сармояе барои пешрафти иқтисодӣ ба даст оварад ва аз дигар сӯ гирифтори қарзҳои камаршикан нашавад.

Фурӯши вомбаргҳо дар бозори коғазҳои баҳодори Урупо сармояе ба будҷети Тоҷикистон овард, вале ҳамзамон бидеҳӣ ё қарзи Душанбе ба хориҷиёнро низ афзуд.

Ёдоварӣ мекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон пас аз фурӯши ин вомбаргҳо 500 милюн дулор қарздор шуда ва бояд дар солҳои 2025 – 2027 ҳар шаш моҳ 83 милюн дулорӣ ба вомдиҳандагон дарсад пардохт кунанд.

Афзун бар ин, Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки тавсеъаи исломӣ ва Бонки тавсеъаи Осиёӣ низ 708 милюн дулор қарздор аст.

"Дар чунин шароите баҳрабардории хирадварзона аз манобеъи ҷалбшуда бисёр муҳим аст. ҳукумат бояд ин вомҳоро чунон мудирият кунад, ки ҳазинаҳо барои иҷрои тарҳҳои давлатӣ на танҳо таконе ба иқтисоди кишвар бидиҳанд, балки бидеҳӣ ё қарзи давлатро ҳам камтар кунанд. Метавон гуфт, ки ин равиш барои Тоҷикистон ва ҳамсояҳояш аз муҳимтарин вазифаҳо аст", — мегӯяд Ярослав Лисоволик, иқтисоддони аршади Бонки тавсеъаи уросиёӣ.

Ин гуфта ба ин маънист, ки сармояи вомдиҳандагони хориҷиро бояд барои пешбурди шитобони энгергетика, саноат, зерсохтор ва куллан бахшҳое ҳазина кард, ки имкон фароҳам хоҳанд овард иқтисоди Тоҷикистон сари пои худ истад ва ниёзе ба "асобағалҳои молии" хориҷӣ надошта бошад.

27 июля 2015 года Председатель  Торгово-промышленной палаты  Республики Таджикистан Шариф Саид принял Экономическую делегацию провинции Шэньси - Sputnik Тоҷикистон
Шариф Саид: аз мушорикати Чин дар тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон истиқбол мекунем

Вале, камбахтона, чунин сиёсате дасткашии ҳукумат аз пешбурди барномаҳои иҷтимоъӣ ва сармоягузорӣ дар бахшҳои омӯзишу парвариш ва тандурустиро дар пай хоҳад дошт.

Ҳарчанд ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки ҳукумат аз сиёсати дастгирӣ ва пуштибонӣ аз мардум даст нахоҳад кашид.

Аммо агар Тоҷикистон натавонад сохторҳои молии байналмилалиро боварманд кунонад, ки тавони таъмини вомҳоро, чи аз роҳи саҳмгузорӣ дар тарҳҳои молӣ ва чи бо тиллову филиззҳои гаронбаҳо, дорад, ночор мешавад боз аз Чин кумак бихоҳад. Чин ҳамин акнун ҳам вомдиҳандаи аслии Тоҷикистон аст ва дар ҳама бахшҳои даромадноку судовари иқтисоди кишвар саҳм дорад.

Феълан вазъ чандон нигаронкунанда нест. 850 милюн дулор чандон пули калоне нест, ки давлат натавонад дар се сол онро пардохт кунад ва бонкҳои ҷаҳонӣ ҳам эҳтимолан вом додан ба Тоҷикистон дар шакли грантҳоро, ки Бонки тавсеъаи Осиёӣ пеш ниҳодааст, идома диҳанд.

Аммо раҳбарони кишвар низ бояд ин масъаларо баррасӣ ва ҳалл кунанд, ки аз кадом вомдиҳанда вом бигиранд ва чигуна беҳтар онро ҳазина кунанд.

"Манзур дарёфти вомҳои дарозмуддатест, ки дарсади поин ва давраи имтиёз дар пардохт доранд. Чунин вомҳо барои дарозмуддат хатаре надоранд. Бавижа агар чунин вомҳоро дар бахшҳои тавлидии иқтисод ба кор бигиранд ва боздеҳ аз он хуб бошад", — гуфт Ярослав Лисоволик дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Бизнес форум предпринимателей Китая и Таджикистана по торгово-экономическому и инвестиционному сотрудничеству - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Чин ҳамкориҳои бозаргониву сармоягузориро густариш медиҳанд

Масалан, Бонки урупоии бозсозӣ ва тавсеъа то оғози соли 2018 дар бахши иқтисоди хурд ва миёна дар Тоҷикистон 300 милюн евро сармоягузорӣ карда аст.

Вале агар ҳам чунин сармоягузориҳо, ки дар воқеъ вом ҳастанд, иқтисоди кишварро сар по бар хезонанд, боз ҳам беҳтар аст, ки аз хориҷиҳо бисёр вом гирифта нашавад.

Ин нуктаро дар давлати Тоҷикистон хуб медонанд. Аз ин рӯст, ки вазири дороии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода моҳи феврал гуфта буд, ки то ниёзе ногузир пеш наояд, вомбаргҳоро дар бозорҳои молии Урупо нахоҳанд фурӯхт.

Дар ғайри ин сурат, бори бидеҳии вомҳо бар дӯши Тоҷикистон гарон хоҳад уфтод ва ҳеч кишвару созмоне, ҷуз аз Русия, аз баҳри қарзаш нахоҳад гузашт ва онро ба Душанбе нахоҳад бахшид.

Лентаи хабарҳо
0