ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Ин нишаст дар чорчӯби намоишгоҳи байналмилалии "Тавлиди Чин — Тоҷикистон-2017" барпо шуд, хабар медиҳад ТоҷикТА ба нақл аз маркази матбуъотии Утоқи бозаргонӣ ва саноеъи Тоҷикистон.
Дар нишаст беш аз 100 намоянда аз ду кишвар ширкат карданд. Дар нишаст тавофуқномаи ҳамкорӣ миёни ширкати тоҷикии "Шарқиншоот" ва ширкати чинии "Кай-Мэй", тавофуқномаи ҳамкорӣ миёни ширкати тоҷикии "Ҳазориспанд" ва "Ширкати бозаргонии Яши Юан" имзо шуданд.
Манзура Рустамова, муовини раиси УБС ҶТ дар маросими имзои ин санадҳо гуфта, ки "Тоҷикистон беш аз 470 тарҳи сармоягузорӣ дорад ва моил аст сармоягузорони чинӣ дар иҷрои тарҳҳои баргузидаи кишвар ширкат кунанд".
Ӯ тарҳҳои заминаҳои барқобӣ, истихроҷи кониҳои кӯҳӣ, санъат, таробарӣ, иртиботот ва сохтусозро аз ҷумлаи тарҳҳои баргузидаи кишвар хонд.
Мао Хуэй, намояндаи бахши бозаргонии Шинҷон-Уйғуристон дар мавриди шиносоии мутақобилаи бозорҳо, имконоти таробарӣ, интиқоли фаромарзии колоҳо, бозаргонӣ, санъат ва хидматрасониҳои молӣ ибрози алоқамандӣ кард.