Бори аввал дар Тоҷикистон ҷашнвораи "Наврӯз-мероси фарҳангии сайёҳӣ" баргузор шуд

© SputnikТюбетейки и тарелки в павильоне Таджикистана
Тюбетейки и тарелки в павильоне Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Фестивал Намоишгоҳи маҳсулотҳои ширкатҳои сайёҳӣ ва имкониятҳои хизматрасонии меҳмонхонаҳо, иншоотҳои санаторӣ – курортӣ ташкил гардида буд

ДУШАНБЕ, 22 мар- Sputnik. Бори аввал дар Тоҷикистон ҷашнвораи "Наврӯз-мероси фарҳангии сайёҳӣ" баргузор шуд, хабар медиҳанд расонаҳои расмии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ҷашнвора имрӯз, 22 март бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар муассисаи давлатии "Боғи Ирам"-и пойтахт таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ баргузор шуд.

Дар чорабинӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, табобатгоҳҳо, ҳунармандони ҷумҳурӣ, коршиносони соҳа, намояндагони муассисаҳои олии таълимӣ, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода менамоянд ва сокинону меҳмонони пойтахт ширкат карданд.

Вазорати фарҳанги ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон бахшида ба 70-солагии Ғалаба ҷашнвора баргузор мешавад

Дар Фестивал Намоишгоҳи маҳсулотҳои ширкатҳои сайёҳӣ ва имкониятҳои хизматрасонии меҳмонхонаҳо, иншоотҳои санаторӣ — курортӣ ташкил гардида буд.

"Ҳамчунин, ороиши ҳуҷраҳои наварўсони минтақаҳои Тоҷикистон, сурудҳо ва рақсҳои миллии минтақаҳо, молҳои дастии ҳунармандон,  бозиҳои хоси наврӯзӣ  шеърхонӣ ва байтбарак, ҳафтсину ҳафтшин, нонпазӣ, хӯрокҳои миллӣ, намоиши аксҳои мусаввирон ва ҳайкалтарошон, намоиши созҳои мусиқии миллӣ ба маъраз гузошта шуд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҷашни Наврӯз, ки аз қадимтарин идҳои тоҷикон маҳсуб меёбад, бо хусусиятҳои хоси худ яке аз афзалиятҳои муҳими Тоҷикистон барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тоҷик мебошад.

Аз сӯи дигар Наврӯз ҳамчун омили таҳкими ҳуввияти миллӣ ва бедор кардани ҳисси ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди мардум ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудани симои мамлакат ҳамчун кишвари дорои тамаддуни қадима ва захираҳои бузурги сайёҳидошта мусоидат менамояд.

Дар Ҷашнвора ҷашни байналмилалии Наврўз ҳамчун бренди сайёҳии Тоҷикистон ба доираи васеи сайёҳон, ки дар арафаи Наврўз ба Тоҷикистон ташриф оварданд, муаррифӣ карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0