ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баргузории силсила фестивал-озмунҳо дар сар то сари кишвар дар соли ҷорӣ хабар дод, омадааст дар сайти ин вазоратхона.
Ба қавли манбаъ, қарор аст бахшида ба «Соли оила» эълон гардидани соли 2015 моҳи октябри соли ҷорӣ Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ баргузор шавад.
Қабл аз ин, дар бораи роҳандозии чандин чорабинии дигари фарҳангӣ хабар дода мешуд. Аз ҷумла, гуфта мешуд, ки бахшида ба 3000-солагии Ҳисор фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақс ва ансамблҳои фолклорӣ-этнгографӣ таҳти унвони «Таронаи Ваҳдат» доир шавад.
Ҳамчунин, ба муносибати 70-солагии пирӯзӣ бар фашизм фестивали минтақавии театрҳои халқӣ ва ҳаваскорони санъат таҳти унвони «Родмардони ватан» ва ҷашнвораи мусиқии «Даргилик» доир хоҳад шуд.