Сироҷиддин Аслов бо мудири ЮНИСЕФ мулоқот кард

Обуна шудан
Дар робита ба татбиқи Барномаи ЮНИСЕФ барои Тоҷикистон, ки бар пояи Стратегияи рушди миллии кишвар то соли 2030 таҳия шудааст, мубодилаи афкор низ анҷом дода шуд

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Дар доираи сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо роҳбари нави ин сохтори СММ хонум Ҳенриетта Форе доир гардид. Дар бора дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзу рушди кӯдакон, таълим ва баробарии гендерӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

"Дар робита ба татбиқи Барномаи ЮНИСЕФ барои Тоҷикистон, ки бар пояи Стратегияи рушди миллии кишвар то соли 2030 таҳия шудааст, мубодилаи афкор низ анҷом дода шуд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар шӯъбаи эҳёгарӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кумаки Русия ба Тоҷикистон тариқи ЮНИСЕФ: $1, 43 млн

Дар ҳошияи мулоқот ҷонибҳо инчунин ҷараёни омодагӣ ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028", ки рӯзҳои 20-22 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир мегардад, муҳокима карданд.

Роҳбари ЮНИСЕФ барои мусоидат ба Анҷумани кӯдакону наврасон, ки дар чаҳорчӯби Конфронси мазкур доир мегардад, изҳори омодагӣ намуд.

Лентаи хабарҳо
0