ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Федератсияи Русия ба Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) барои татбиқи лоиҳаи "Бақо ва рушди кӯдакони хурдсол дар Тоҷикистон" ҳудуди 1,43 миллион доллар ҷудо мекунад.
Ҳадафи барномаи мазкур дастрасии бештари модарон ва навзодон ба хизматрасониҳои тиббӣ дар 12 ноҳияи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Тибқи иттилоъи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, сармоягузорӣ ва дастгирии таҳлиливу техникии Русия дар татбиқи амалии лоиҳаи "Бақо ва рушди кӯдакони хурдсол дар Тоҷикистон" барои коҳиши маргумири атфол дар кишвари мо хоҳад буд. Маргумири атфол вақтҳои охир дар Тоҷикистон ба як хатари нигаронкунанда табдил шудааст.
Дар ҳошияи ин барнома иқтидори муассисаҳои тиббии Тоҷикистон баланд бардошта шуда, бемористонҳои 12 ноҳияи кишвар дар хизматрасонӣ ба атфол ва модарони онҳо бо техникаҳои зарурӣ ва пешрафта, дорувору таъмин карда мешаванд.
Гуфтанист, аснои табиқи тарҳи мазкур низоми куҳнаи таъминот бо оби нӯшокӣ дар ин манотиқ таъмиру таҷдид мегардад.