ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ, 13 июн ҳайъати Тоҷикистон ба раҳбарии вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода дар мулоқоти сатҳи баланд ширкат кард.
Ин ҳамоиш дар мавзуъи "Муколамаи СММ — Осиёи Марказӣ дар заминаи иҷрои Барномаи роҳбурдии СММ дар мубориза бо теруризм дар Осиёи Марказӣ" баргузор шуд.
Дар ин ҳамоиш, ки ба раёсати Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш оғоз гардид, вазирони умури дохилаи Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбакистон, Қирғизистон ва дигар намояндаҳои расмӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат ва суханронӣ карданд.
Дар рафти ҳамоиш масъалаҳои таҳдиду чолишҳои муосири амниятӣ, ниёзманд тақвияти муборизаи дастҷамъона бо теруризми байналмилалӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои густариши ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа дар ин самт баррасӣ гардиданд.
Вазирони умури дохила ва намояндагони СММ ба хулоса омаданд, ки мушкилоти Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон — теруризм ва экстремизм аст.
Ҷаласа бо ибтикори Вазорати умури хориҷаи Туркманистон ва Маркази диплумосии боздорандаи СММ барои Осиёи Марказӣ дар шаҳр Ишқобод баргузор гардид.
Дар поёни ин нишаст сарони нерӯҳои интизомии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Дабири кулли Созмони милали муттаҳид даст ба даст ба нишони ҳамдастӣ дар мубориза бо чолишҳои замони муосир акс гирифтанд.