Замони дақиқи фарорасии Наврӯз дар Тоҷикистон муайян шуд

© Sputnik / Марина Маковецкая / Гузариш ба медиабонкНациональное блюдо суманак на празднике Навруз. Архивное фото
Национальное блюдо суманак на празднике Навруз. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳар сол рӯзи 20-ум ё 21-уми моҳи март зоҳиран барои нозир аз замин Офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ аз нимкураи ҷанубӣ ба нимкураи шимолӣ мегузарад

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Наврӯз ба қаламрави Тоҷикистон, имрӯз, 20 март, соати 21:15 вақти маҳаллӣ мерасад. Дар ин бора хабаргузории расмии Тоҷикистон дар истинод ба  директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова иттилоъ медиҳад.

 Бино бар иттилои манбаъ, мудири пажӯишгоҳ  гуфтааст, ки ҳар сол рӯзи 20-ум ё 21-уми моҳи март зоҳиран барои нозир аз замин Офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ аз нимкураи ҷанубӣ ба нимкураи шимолӣ мегузарад.

"Фосилаи вақт байни ду гузашти пайдарҳамии офтобро аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ соли астрономӣ меноманд. Бинобар ин, соли нави астрономӣ аз ҳамин ходиса оғоз гардида, он ҳамчун ҷашни Наврӯз машҳур аст. Инчунин дар вақти гузаштани офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ баробаршавии шабу рӯз ба вуҷуд меояд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Флаг Иракского Курдистана - Sputnik Тоҷикистон
Дар Курдистони Ироқ таҷлили Наврӯз мамнӯъ шуд

Омадани лаҳзаи гузаштани нуқтаи эътидоли баҳорӣ, ки рамзи фарорасии Наврӯз мебошад, дар минтақаҳои гуногуни замин фарқ мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи вақтии 5-ум аз Гринвич ҷойгир аст, аз ин рӯ барои муайян кардани вақти маҳаллӣ ба вақти ҷаҳонӣ 5 соат ҷамъ карда мешавад. Тибқи ҷадвали астрономӣ, ки дар муассисаҳои пешбари илмии ҷаҳон таҳия мешавад, соли 2018 рӯзи 20 март соати 16:15-и вақти ҷаҳонӣ офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ мегузарад. Дар ҳудуди Тоҷикистон ин ҳодиса рӯзи 20 март, соати 21:15-и вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ меояд.

Наврӯз, ки барои мардумони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла, Тоҷикистон ҷашни бостонӣ ва соли нави хуршедӣ маҳсуб мешавад, шоми имрӯз ба Тоҷикистон мерасад.

Пас, биёед, ба истиқболаш бароем, зеро Наврӯз арзишмандтарин ҷашни мардумони ориёитабор буда, саодати ҷаҳон дар Наврӯз нуҳуфтааст.

Лентаи хабарҳо
0