ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Раиси яке аз муҳофизаҳои бузургтарини Курдистони Ироқ — Сулаймония, рӯзи якшанбе мотами серӯза эълон кард ва ҷашни Наврӯзро бо сабаби гузаштани шаҳри Африн дар шимоли Сурия ба зери назорати низомиёни Туркия, лағв намуд.
Қисмҳои нав ташкилшудаи ҳарбии оппозитсияи "Артиши озоди Сурия" (АОС) ва низомиёни Туркия рӯзи якшанбе бидуни ҷанг шаҳри Афринро ишғол карданд. Фармондеҳии қисмҳои муташаккили мусаллаҳи курд изҳор дошт, ки онҳо ба ҷанги партизанӣ, бар зидди қисмҳои низомии Туркия ва AОС дар шимоли Сурия, мегузаранд.
"Бо сабаби вазъи ногувори шаҳри Африн дар муҳофазаи Сулаймония, се рӯз мотам эълон карда, ҳамаи тантанаҳо бахшида ба ҷашни Наврӯз лағв мешаванд", — оварда шудааст дар гузориши раиси муҳофиза Хафал Абу Бакр.
Ситоди генералии ҚМ Туркия рӯзи 20 январи соли равон роҷеъ ба оғози амалиёт бо номи "Шохаи зайтун" бар зидди қисмҳои муташаккили мусаллаҳи курд дар шаҳри Африни Сурия, эълом дошт. Ҳамзамон бо низомиёни Туркия ҷангиёни "Артиши озоди Сурия" фаъолият мекунанд.
Димишқ қатъан амалҳои Туркияро дар Африн маҳкум карда, қайд намуд, ки ин масоҳат бахши ҷудонашавандаи Сурия аст. Маскав дар робита бо вазъ дар Африн, ҳама ҷонибҳоро ба худдорӣ даъват карда, эълом дошт, ки ба тамомияти арзии Сурия эҳтиром гузошта шавад.
Наврӯз — ҷашни баробаршавии шабурӯз дар баҳор ва оғози соли нави кишоварзӣ барои мардумони форсзабон ва чандин халқҳои туркзабони Қазоқистон, Осиёи Марказӣ ва Эрон буда, инчунин дар байни халқҳои бошқиру тотор маълуму машҳур аст. Он дар рӯзи баробаршавии баҳор, яъне 21 март ҷашн гирифта мешавад.