ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Шаҳрвандони бурунмарзии Русия ба интихобот таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунанд, гуфт Елла Памфилова, раиси Комиссияи марказии интихоботи ФР.
"Агар куллан ба вазъият назар андозем, пас хоҳем дид, ки шаҳрвандони бурунмарзии Русия ба интихобот таваҷҷӯҳи бештаре зоҳир мекунанд, дар 145 кишвари дунё 401 маркази интихоботӣ ташкил дода шудааст. Агар дар бораи ИМА сухан равад, пас бояд гуфт, ки он ҷо рӯзи интихобот мумкин аст дар участкаҳои интихоботии чаҳор шаҳр раъй дод", — гуфт дар суҳбат бо РИА Новости , Памфилова, раиси Комисиони марказии интихоботии ФР.
Илова бар ин, ба гуфти ӯ, боз дар 15 шаҳр, аз ҷумла дар Лос-Анҷелес ва Сан-Франсиско, барои гурӯҳҳои алоҳидаи интихобкунандагон раъйдиҳии пешакӣ ташкил шуда буд.
Интихоботи раисиҷумҳури Русия 18 март баргузор мегардад, ба ин курсӣ ҳашт нафар номзад шудааст: Сергей Бабурин (ҳизби "Иттиҳоди умумихалқии Русия"), Павел Грудинин (КПРФ), Владимир Жириновский (ЛДПР), Владимир Путин (худномзадӣ), Ксения Собчак ("Ташаббуси шаҳрвандӣ"), Максим Сурайкин ("Коммунистони Русия"), Борис Титов ("Ҳизби рушд"), Григорий Явлинский ("Яблоко").
Маҳз бо чунин тартиби алифбоӣ насабҳои эшон дар бюллетенҳои интихоботӣ нишон дода шудаанд.