ДУШАНБЕ, 18 мар— Sputnik. Ба гузориши сомонаи ширкати IRS ин ҳодиса нимаи рӯзи 15 март рух додааст.
Нимаи дуюми 15 марти соли равон 181 километр дуртар аз пойтахт дар шоҳроҳи Душанбе –Чаноқ дар паи бархӯрди мошини тамғаи "Land Rover", рақами давлатиаш 5594СТ01 бо мошини хизматии ширкати саҳомии IRS корманди роҳ А. Каримов ба ҳалокат расид.
Корманди дигари ин ширкат И. Муродов бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудааст. Аз ронанда ва мусофирони мошини "Land Rover" ягон нафар осеб надидааст.
Гуфта мешавад, ки кормандони зикршуда аз нафарони масъулиятшиносу поквиҷдон буда, замони рух додани садама онҳо дар ин масир машғули коркарди роҳ бо маводи зиддилағжиш буданд.
манбаъ афзуда, ки баъзе ронандагон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар аксар маврид суръати ҳаракатро баланд намуда, ба самти муқобили ҳаракат мебароянд, ки ин хавфи ба амал омадани садамаҳои нақлиётиро ба вуҷуд оварда, боиси ҳалокати одамон мегардад.
Роҳбарияти филиали ширкат аз кулли ронандагон даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва талаботи мавҷударо риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.