IRS: аз резиши санг ва лағжиши кӯҳпора дар роҳҳо ҳушдор медиҳад

© Sputnik / Амир ИсаевДорога Душанбе-Худжанд, архивное фото
Дорога Душанбе-Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бориши беисти борон дар баъзе аз қисматҳои роҳи мошингарди Душанбе –Чаноқ боиси фаромадани тарма ва лағжиши сангпораҳо шуд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Ин ҳолат кори кормандони филиали ширкати  "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар Тоҷикистонро дучанд кардааст.

Сардори  маркази матбуоти ширкати мазкур Далери Абдулло дар мусоҳиба бо расонаҳои расмӣ гуфтааст, ки бо фаро расидани фасли баҳор ки боришот ба дунбол дорад, дар роҳҳое, ки аз минтақаи кӯҳистони мамлакат мегузаранд,  фаромадани сангпора  ва лағжиши кӯҳпора падидаи маъмулист.

Гроза в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Раъду барқу обхезӣ: шаҳрвандони Тоҷикистонро аз бад шудани ҳаво огоҳ карданд

Алалхусус, роҳи мошингарди  Душанбе — Чаноқ, ки қисмати зиёдаш  аз чунин минтақаҳо мегузарад, аз ин ҳодисаҳои табиӣ  зиёдтар осеб мебинад. 

Бинобар ин, кормандони филиали Ширкат дар арафаи  баҳор корҳои ободониро дар роҳи мазкур  вусъат бахшида,  тавассути ҳашарҳои дастҷамъӣ ба  рангубори  иншооти канори роҳ,  барқарорсозии ҷойҳои осебдида, тоза намудани ҷўйборҳои канори роҳ,  ранг намудани хатҳои уфуқӣ ва ғайра  машғул мебошанд.

Ширкат  аз ронандагоне, ки   тариқи роҳи  мошингарди Душанбе-Чаноқ  ба сафар мебароянд, хоҳиш менамояд, ки  тавсияҳои ниҳодҳои дахлдорро   (дар ҳолати хуб қарор доштани воситаҳои нақлиёт, аломати исти садамавӣ ва ғайра)  дар мадди назар дошта,  бидуни омодагии ҷиддӣ ба  сафар набароянд.   

Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огаҳии шаҳрвандон мерасонад, ки ҳаво дар наздиктарин рӯзҳо боронӣ шуда ва кӯҳсори баландтар аз 2000 метр барф хоҳад борид.

Лентаи хабарҳо
0