Навбатҳои дуру дароз: интихоботи раисҷумҳури Русия дар Тоҷикистон чӣ гуна гузашт

© © Sputnik / Амир ИсаевОчередь на выборах президента России в Таджикистане
Очередь на выборах президента России в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Беш аз шаш ҳазор нафар дар Тоҷикистон ба ҳавзаҳои интихоботӣ омада раисҷумҳури Русияро интихоб карданд

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik, Азамат Шокиров. Дар Тоҷикистон интихоботи раисҷумҳури Федератсияи Русия мегузарад.

Имрӯз дар назди бинои маркази "Россотрудничество"-и шаҳри Душанбе навбати дурударозе саф кашида буд. Баъзеҳо барои овоз додан бо аҳли оилашон омада буданд. Кӯдакон либосҳои нав ба бар кардаву, ин ҷо фазои ҷашни воқеӣ ҳукмфармо буд.

"Ин як ид аст — интихоботи раисҷумҳур — нафаре, ки бояд Русияро дӯст дорад, халқашро дӯст дорад, ғами онро хӯрад, бино бар ин, тасмим хеле муҳим аст. Мо қаблан бо тамоми аҳли оила муҳокима намудем, ки ба тарафдории кӣ овоз диҳем, омадаем, ки қарзи шаҳрвандиямонро адо намоем", — мегӯяд Татяна Ахметахунова, аз дасти аберааш Ясмина гирифта.

Президент РФ В. Путин принял участие в голосовании на выборах президента РФ - Sputnik Тоҷикистон
Владимир Путин дар интихоботи раисҷумҳури Русия овоз дод

Кормандони "Россотрудничество" ва сафорати Русия дар Тоҷикистон кӯшиш намуданд, ки раванди овоздиҳиро ба ҳадде барои овоздиҳандагон озоду осон ба роҳ монанд. Дар маркази ҳавлӣ, дар девори наздикии фаввора, маълумоти сабтшуда дар бораи тамоми номзадҳо ҷойгир карда шудааст. Илова бар ин, иттилоотро дар таблои барқии толоре, ки овоздиҳандагон бо аъзои ҳайати комисиони интихоботӣ вомехӯранд, дидан мумкин аст.

Онҳо ба бахшҳо тақсим шудаанд: қисме он шаҳрвандони Русияро қабул мекунад, ки муваққатан ба Тоҷикистон омадаанд, қисми дигар — сокинони ин ҷойро, ки ду шаҳрвандӣ доранд. Ҳатто онҳое, ки мӯҳлати эътибори шиносномаашон тамом шудааст, ё ин ки баъзе мушкилоти хурд доранд, бо пур кардани варақаи ариза роҷеъ ба сабаби он, метавонанд овоз диҳанд.

"Мо омода ҳастем, ки тамоми овоздиҳандагонро бипазирем, дарҳои ҳавзаҳо то соати 20.00 кушода аст, варақаҳоро ба миқдори кофӣ овардаанд, овоздиҳӣ оромона мегузарад, тамоми мушкилоте, ки сар мезананд, фавран роҳи ҳалли худро пайдо мекунанд", — шарҳ дод сарвари "Россотрудничество" Михаил Вождаев.

© © Sputnik / Амир ИсаевОчередь на выборах президента России в Таджикистане
Очередь на выборах президента России в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
1/4
Очередь на выборах президента России в Таджикистане
© © Sputnik / Амир ИсаевПосол РФ в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов вручил подарки молодым избирателям на выборах президента России
Посол РФ в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов вручил подарки молодым избирателям на выборах президента России - Sputnik Тоҷикистон
2/4
Посол РФ в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов вручил подарки молодым избирателям на выборах президента России
© Sputnik / Амир ИсаевГолосование на выборах президента России в Таджикистане
Голосование на выборах президента России в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
3/4
Голосование на выборах президента России в Таджикистане
© Sputnik / Амир ИсаевГолосование на выборах президента России в Таджикистане
Голосование на выборах президента России в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
4/4
Голосование на выборах президента России в Таджикистане
1/4
Очередь на выборах президента России в Таджикистане
2/4
Посол РФ в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов вручил подарки молодым избирателям на выборах президента России
3/4
Голосование на выборах президента России в Таджикистане
4/4
Голосование на выборах президента России в Таджикистане

Вале агар механизм дар дохили ҳавза хуб кор кунад, пас дар кӯчае, ки мардум интизорӣ мекашанд, навбат ба таври хеле суст ҳаракат мекунанд, на ҳама тоқат карда метавонанд.

"Моро бенавбат роҳ доданд, зеро дар дастамон тифли ҳафтмоҳа дорем, аммо бисёриҳое, ки дар охири навбат меистоданд, тоқат накарда партофта рафтанд, нахостанд, ки барои худ ид офаранд. Чаро ҳавзаҳои интихоботиро зиёд намекунанд, кор осонтар мешуду, ба ҳавзаҳо низ одамони зиёд меомаданд", — шикоят мекунанд Татяна ва Даря Харитоноваҳо.

Выборы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Оғози интихоботи раисҷумҳури Русия дар Тоҷикистон

Соати 11-и субҳ ба ҳавзаи интихоботӣ сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов омад. Ба вай ва ҳамсараш наворчаи гулҳои парчами Русия ва навиштаҷоти "Интихоботи раисҷумҳур" супурда шуд. Пас аз он ки дипломат варақаро ба қуттии овоздиҳӣ партофт, чанд дақиқае бо намояндагони матбуот ҳарф зад ва ҳамаро бо ин ид табрик кард.

"Нафарони зиёд меоянд, ин нишондиҳандаи он аст, ки дар ин ҷо, дар Тоҷикистон, бо як таваҷҷӯҳи хосе ба ҳаводиси Русия менигаранд. Мо ҳама дастгирии ҳамаҷонибаи шарикони тоҷикистониямонро ҳисс мекунем, ман бештар аз ин мегӯям, дӯстонамонро, ки дурустии самти интихобкардаи Русияро чӣ дар муносибатҳои дуҷониба, ва чӣ дар арсаи байналмилалӣ, таъйид месозанд", — эълом дошт сафир.

Сипас роҳбари намояндагии дипломатии Русия ба интихобкунандагоне, ки бори аввал ба овоздиҳӣ омада буданд, тӯҳфаҳо супурд. Яке аз онҳо, донишҷӯ Карина Тагаева буд, ки имрӯз 18 солагӣ дошт.

"Ман хеле ба ҳаяҷон омада будам, таассуротҳо ногуфтаниянд, ҳатто намедонам, ки имрӯз барои ман кадом ид муҳимтар аст — рӯзи таваллуд ё интихоботи раисиҷумҳур", — хандаомезона мегӯяд вай.

Дар маҷмӯъ имрӯз дар Тоҷикистон шаш ҳавзаи интихоботӣ кушода шуда буд, дуто дар Душанбе, якто дар Хуҷанд, дуто дар Қурғонтеппа ва якто дар Норак, ки он ҷо маҷмааи низомӣ-кайҳонии "Окно" насб карда шуда аст.

Лентаи хабарҳо
0