ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури ФР, дар интихоботи сарвари давлат раъй дод.
Владимир Путин ба таври анъанавӣ ба ҳавзаи интихоботии 2151, ки дар бинои Академияи улуми Русия ҷойгир аст, омад, хабар медиҳад рӯзноманигори РИА Новости.
Вай ба назди комисиюни интихоботӣ омада, шиносномаи худро нишон дод, бюллетен гирифт ва ба ғурфаи раъйдиҳӣ рафт.
Аз ғурфа баромада, Путин бюллетенро ба сандуқи раъйдиҳӣ партофт.
Сарвари давлат мунтазам дар ин ҳавза раъй медиҳад. Ҳамин тавр, соли 2016 дар интихоботи намояндагони парлумонии давлатӣ ва интихоботи шаҳрии соли 2017, ӯ ба ин ҷо барои интихоб кардан омада буд.
Ҳавзаҳои интихоботӣ дар Маскав ва вилояти Маскав якшанбе соати 8.00 дар рӯзи интихоботи раисҷумҳури ФР кушода шуданд.
Дар пойтахти Русия зиёда аз 3 600 ҳавза ба кори худ шурӯъ кард, ки дар бархе аз онҳо майдончаҳои намоишгоҳҳои ҷашнвораии маҳсулоти кишоварзӣ, мастер-классҳо ва дигар намуди саргармиҳо ҷойгир шудааст.
Ба интихобкунандагони синнашон аз 18 то 25 сола, ки бори аввал раъй медиҳанд, дар Маскав барои иштирок, дар консерти сарояндагони муосир дар СК "Олимпийский", чипта медиҳанд.