Қоҳир Расулзода бо дастовардҳои сокинони Хуҷанду Бӯстон шинос шуд

© Sputnik / Дмитрий АстаховКохир Расулзода, архивное фото
Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 16 марти соли равон нахуствазири Тоҷикистон дар доираи сафари кориаш ба вилояти Суғд аз шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуд

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз дастовардҳои сокинони шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон дидан кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.

"Бо пешниҳоди кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар кишвар "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидааст. Аз ин лиҳоз, дар вилояти Суғд барои ҷалби бештари сайёҳон  бунёди меҳмонхонаҳои замонавӣ, комплексҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ ва дигар иншооти муҳими соҳаи туризм ба нақша гирифта шудаст",- менависад манбаъ.

Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нахуствазир барои омода кардани вилоят ба қабули раисҷумҳур ба Суғд рафт

Дар робита бо ин дар маркази вилоят меҳмонхонаи  замонавие бо номи "Парламент" мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Ин меҳмонхонаи замонавӣ дар муҳити зебову фароғатбахш, дар канори дарёи Сир ҷойгир шуда, ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат мерасонад.

Тавре манбаъ меафзояд, Қоҳир Расулзода ҳамчунин бо рафти корҳои омодагӣ ба кишти пахта дар хоҷагии деҳқонии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардид. Чуноне иттилоъ доданд, пахтакорони хоҷагӣ имсол дар майдони 1600 гектар пахта кишт мекунанд, ки 200 гектари он кишти зери плёнка мебошад

Нахуствазир гуфт, саҳми деҳқонон дар таъмини яке аз ҳадафҳои стратегӣ — амнияти озуқаворӣ назаррас мебошад. Бинобар ин, деҳқонону хоҷагидоронро зарур аст, ки барои руёнидани ҳосили фаровон аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд.

Ба наздикӣ дар корхонаи ордбарории "Анҳор", воқеъ дар шаҳри Бӯстон боз як хатти дигари ордбарорӣ ба кор андохта хоҳад шуд. Зимни боздид аз ин корхона Расулзода ба роҳбарияти корхона ва дигар шахсони масъул дастур дод, ки ба масъалаи рақобатпазир будани маҳсулоти истеҳсолшаванда таваҷҷуҳи махсус дода шавад.

Айни замон дар корхонаи "Анҳор" дар баробари орд макарон низ истеҳсол мешавад. Баъди ба кор оғоз намудани хатти нави истеҳсолӣ чандин нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсол зиёд мегардад.

Лентаи хабарҳо
0