Нахуствазир барои омода кардани вилоят ба қабули раисҷумҳур ба Суғд рафт

© Sputnik / Сергей СубботинКохир Расулзода, архивное фото
Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имсол тантанаҳои асосии наврӯзӣ дар шаҳри Панҷиканд бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Рӯзи 15 марти соли 2018 нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагӣ, сохтмони иншоот, рафти корҳои саҳроӣ ва омодагиҳо ба истиқболи Наврӯз ба вилояти Суғд рафт, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни сафар Қоҳир Расулзода нахуст аз шаҳри Панҷакент боздид намуд. Сарвазири мамлакатро Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд.

Пештар хабар дода шуд, ки имсол тантанаҳои асосии наврӯзӣ дар шаҳри Панҷиканд бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.

"Барномаҳои расмии ҷашни байналмилалии Наврӯз имсол 21 март дар шаҳри Панҷиканд баргузор мешаванд ва дар ин барномаҳо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат хоҳад кард. Қарор аст, ки дар чорчӯби ин барномаҳо чандин сохтмон ва тарҳи иҷтимоъӣ ба баҳрабардорӣ расонда хоҳанд шуд", — гуфта мешуд дар хабар.

"Дар асоси  супоришҳои кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла шаҳри Панҷакент сохтмони як қатор иншооти гуногун идома доранд. Дар аснои сафар Сарвазири мамлакат дар хиёбони ба номи устод Рӯдакии шаҳр бо рафти сохтмони муассисаи томактабӣ, ки барои 250 кӯдак пешбинӣ шудааст, шинос гардид",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на праздновании Навруза - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро дар куҷо ҷашн хоҳад гирифт?

Бинои кӯдакистон аз се ошёна иборат буда, он бо маблағгузории Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки "Зарафшо"» бунёд мегардад. Қоҳир Расулзода пас аз шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ба масъулин дастур дод, ки корҳоро бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба итмом расонанд.

Қоҳир Расулзода ҳамзамон бо ҷараёни навсозии варзишгоҳии марказии шаҳри Панҷиканд, сохтмони бинои Қасри ҷавонон, гулгашти Лоиқ Шералӣ, хатти барқи 220 киловолтаи "Айнӣ-Панҷакент", фаъолияти хоҷагии деҳқонии Абӯ Дониёров шинос гардида, аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ низ боздид намуд.

Дар идомаи сафари корӣ нахуствазир шаҳри Истаравшан, Хуҷанд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  дидан кард.

Лентаи хабарҳо
0