ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барномаҳои расмии ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки имсол дар шаҳри Панҷиканд баргузор мешаванд, ширкат хоҳад кард, гузориш медиҳад хабаргузории ТоҷикТА.
“Барномаҳои расмии ҷашни байналмилалии Наврӯз имсол 21 март дар шаҳри Панҷиканд баргузор мешаванд ва дар ин барномаҳо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат хоҳад кард. Қарор аст, ки дар чорчӯби ин барномаҳо чандин сохтмон ва тарҳи иҷтимоъӣ ба баҳрабардорӣ расонда хоҳанд шуд”, — гуфта мешавад дар ин гузориш.
Чунин барномаҳое 23 март дар шаҳри Бохтар ва дар 25 март дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе низ бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон баргузор мешавад.
Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дастур дода, ки Наврӯз дар ҳама ноҳияҳои пойтахт 21 март ҷашн гирифта шавад. Дар чорчӯби ин ҷашн шаҳрдории Душанбе мусобиқоти аспсаворӣ ва куштӣ баргузор мекунад.