Тоҷикистон ва Қазоқистон ба якдигар барқ хоҳанд дод

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкЛинии электропередачи. Архивное фото
Линии электропередачи. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чаҳордаҳумин нишасти Кумисюни ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон 12 – 13 феврал дар шаҳри Душанбе баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Тоҷикистон ва Қазоқистон қарор доданд, ки тарҳи мубодилаи нерӯи барқ миёни ду кишварро имконсанҷӣ кунанд.

Ба гузориши равобити умумии Вазорати энержии Қазоқистон, 12 – 13 феврал дар шаҳри Душанбе 14-умин нишасти Кумисюни ҳамкориҳои иқтисодии Қазоқистон ва Тоҷикистон баргузор шудааст.

Дар ин нишаст, ки ба раёсати муовини вазири энержии Қазоқистон Булат Акчулаков ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода баргузор шуд, гузориш дода шуда, ки ҳаҷми мубодилаи коло миёни ду кишвар дар соли гузашта 838,9 милюн дулор буда, ки 163 милюн дулор бештар аз соли 2016 аст. Аз ин миқдор наздик ба 515 милюн дулор аз  воридот ва 324,3 милюн дулор аз содирот ба даст омадааст.

Линии электропередач, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон аз баҳор ба Узбакистон барқ содир хоҳад кард

Дар  ин ҷаласа коршиносони  вазорату идораҳои ду кишвар масоили мубрами ҳамкории дуҷонибаро дар  бахшҳои  иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, таробарӣ, ҳавопаймоии мусофирбарӣ, омӯзишу илм, кишоварзӣ, муҳоҷират, обу барқ, ҳифзи муҳити зист, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва гардишгариро баррасӣ карданд.

Кумисюни ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар ҳамчунин роҳу чораҳои густариши ҳамкориҳо дар бахши сармояпазирӣ, бунёди корхонаҳои муштарак, афзоиши зарфияти ҳамкориҳо, иҷрои тарҳҳои муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ кардааст.

Ду кишвар дар ин нишаст қарор додаанд, ки пас аз барқарор кардани фаъолияти ҳамзамони шабакаи барқи Тоҷикистон ва шабакаи муштараки барқи кишварҳои Осиёи Марказӣ тарҳи табодули барқ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистонро имконсанҷӣ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0