Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавсия додааст мудирияти молиётро беҳбуд бахшад

© © Sputnik / Амир ИсаевБазар в городе Канибадам, архивное фото
Базар в городе Канибадам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Беҳбуди мудирияти молиёт метавонад сармоягузориҳои хусусӣ ва тавсеъаи иқтисодиро дар Тоҷикистон афзоиш диҳад, гуфта мешавад дар гузориши таҳлилии Бонки ҷаҳонӣ

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Бонки ҷаҳонӣ дар гузорише низоми бонкии Тоҷикистонро таҳлил карда ва мушкилоти бисёре дар он ошкор кардааст.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки ҳарчанд давлати Тоҷикистон ислоҳи низоми молиётиро яке аз роҳҳои пешбурди иқтисод ва коҳиши фақр дар кишвар дониста, вале ҷамъоварии молиёт дар ин кишвар бо мушкилоте рӯбарӯ аст.

Иллати ин мушкилот, аз дидгоҳи Бонки ҷаҳонӣ, кайфияти пасти хадамотрасонӣ ба молиётдиҳандагон, тавони созмонии кам, ғалатҳо дар таҳлили сиёсати молиётӣ ва пешбинии даромадҳо аст. Коргузинии кормандони нопешакор, маҳдуд будани барномаҳои коромӯзӣ, камбуди корафзорҳои роёнаӣ ва сомонманд набудани системҳои фанноварии иттилоотӣ аз дигар авомилест, ки мушкилоти низоми бонкии Тоҷикистонро бештар кардааст.

Встреча зампредседателя НБТ Сираджиддина Икрами с представителями Всемирного Банка - Sputnik Тоҷикистон
Бонки Ҷаҳонӣ дар ислоҳи низоми бонкии Тоҷикистон ба БМТ ёрӣ медиҳад

Бонки ҷаҳонӣ дар ин гузориши таҳлилие таъкид кардааст, ин мушкилот на танҳо фаъолияти Кумитаи молиёти давлати Тоҷикистонро зери суол мебарад, балки фасод дар миёни кормандони он низ заминаи рушди бахши хусусӣ ва эътимоди сармоядорон барои сармоягузорӣ дар тарҳҳои иқтисодии кишварро аз миён мебарад.

Аз дидгоҳи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон дар радабандии осонсозии пардохти молиёт дар миёни 183 кишвар 168-ум ҷойгоҳро дорад. Дар ин гузориш оварда шуда, ки дар Тоҷикистон ҳар ширкати тиҷорӣ солона бояд 69 бор молиёт пардохт кунад, дар ҳоле, ки ширкатҳо дар Қазоқистон 7 бор, Русия 9 бор, Узбакистон 41 бор ва Қирғизистон 52 бор дар сол молиёт пардохт мекунанд.

Акнун бо кумаки Бонки ҷаҳонӣ тарҳи осонсозии пардохти молиёт дар Тоҷикистон дар ҳоли иҷро шудан аст.

Бо истифода аз ин тарҳ, мизони ирояи интернетии изҳорномаи молиётӣ ба 87,4 дарсад расида, яъне ҳамакнун 97,2 дарсад аз кулли ашхоси ҳуқуқӣ ва 77,8 дарсад аз кулли соҳибкорони инфиродӣ изҳорномаҳои молиётиашонро интернетӣ ба Идораи молиёт мефиристанд.

Бино бар пажӯҳише, ки коршиносони Бунгоҳи молии байналмилалӣ (IFC) баргузор кардаанд, дар соли 2016 ҳар молиётдиҳанда дар Тоҷикистон барои ирояи изҳорномаи молиётии худ ба Идораи молиёт 21 рӯзро аз даст медода, то ҳама муқаррароти қонунгузории молиётиро риоя кунад. Ҷолиб аст, ки дар соли 2012 барои ин кор 33 рӯз аз даст мерафт. Молиётдиҳандаҳое, ки дар Тоҷикистон номнавис шудаанд, аз ин коҳиши ҳазинаҳои замонӣ солона 8 милюн дулор сарфаҷӯӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0